Jump to content

Имзо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Имзои Маҳатма Гандӣ

1. Имзо як намоиши дастнавис аз ном, лақаб, ё як зербадари соддае аст, ки гоҳе сабки хосе дорад ва афроде рӯи аснод менависад то мадраки бошад барои ҳувияти ва нияти фард. Нависандаи имзоро имзокунанда мегуянд.

2. Имзо — насаби бо дасти худ навиштаи шахс, реквизити ҳатмии ҳуҷҷатҳои хизматӣ (санади таҳқиқ, хулоса) ва санадҳои ҳуқуқӣ (қонун, санади идоракунӣ, қарори суд, уҳдадорӣ ва ғайра). Имзои шахсони дахлдор ба ҳуҷҷат ва санадҳои ҳуқуқӣ қувваи юридикӣ мебахшад. Агар шахс бинобар норасоии ҷисмонӣ, беморӣ ё бесаводӣ бо дасти худ имзо карда натавонад, пас бо хоҳиши ӯ дигар шахси воқеӣ имзо карда метавонад. Имзои шахси дигарро бояд нотариус тасдиқ кунад ва сабабҳоеро, ки шахси аҳдкунанда (ё меросгузор) имзо карда натавонистааст, сабт намояд. Бо инкишоф ёфтани техника мафҳумҳои имзоҳои факсимилӣ ва электронӣ низ васеъ паҳн шудаанд.[1]

Корбурд ва гунаҳои имзо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Корбурди суннатии имзо ба унвони мадраки аст барои мушаххас кардан:

  1. Ёфтгоҳи санад (ҳамонӣ)
  2. Қасд (ният)-и фард бо таваҷҷуҳ ба санад

Барои мисол, нақши имзо дар бисёре аз қарордодҳои муштариён, танҳо вуҷуди мадраке аз тарафи қарордод нест, балки ҳамчунин мадраке аст бар ҳамоҳангӣ ва ризоияти огоҳона.

Ҷусторҳои вобаста

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Имзои рақамӣ (диҷитолӣ)
  • Зиистсанҷишӣ ба унвони навъе аз имзои электроникӣ
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 176