Маҳатма Гандӣ
Mahatma Gandhi | |
Ном ҳангоми таваллуд | Моҳандас Карамчанд Гандӣ |
Таърихи таваллуд | 2 октябр 1869[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 30 январ 1948[1][2][3][…] (78 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | сиёсатмадор, barrister, воқеъанависи сиёсӣ, рӯзноманигор, файласуф, зиндагиноманавис, мақоланавис, newspaper editor, civil rights advocate, ёддоштнавис, humanitarian, фаъоли сулҳ, инқилобӣ, нависанда, ҳуқуқдон, freedom fighter |
Падар | Karamchand Uttamchand Gandhi[d][3][8] |
Модар | Putlibai Karamchand Gandhi[d][3][8] |
Ҳамсар | Kasturba Gandhi[d][4][3] |
Фарзанд | Harilal Gandhi[d][4][9], Manilal Gandhi[d][10][9], Ramdas Gandhi[d][9] ва Devdas Gandhi[d][9] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Осор дар Викитека |
Маҳатма Гандӣ (Моҳандас Карамчанд Гандӣ) – ҳиндӣ: मोहनदास कर्मचन्द (महात्मा) गान्धी, англ. Mohandas Karamchand "Mahatma" Gandhi 2 октябри соли 1869 Порбандар, Гуҷарат — 30 январи соли 1948, Деҳлӣ) — файласуф, ходими сиёсию ҷамъятии ҳиндӣ, яке аз муассисон ва сарварони идеолужии Ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Ҳиндустон аз зулми Бритониёи Кабир. Фасафаи ғайризуроварии ӯ (сатяграха) барои тарафдорони муборизаи осоиштаи озодихоҳӣ дар Ҳиндустон таъсир расонидааст. Ӯ асосгузори идеолужии Гандизм - муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ буд.[11]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҳатма Гандӣ (1869-1948) яке аз пешвоёни ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Ҳиндустон буда, ҳаёти ӯ бо таърихи муборизаи халқ баҳри истиқлоли миллӣ сахт марбут аст. Гандизм ба барномаи муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ табдил ёфт ва дар миқёси ҷаҳон миллионҳо нафар тарафдор пайдо кард. Моҳандас Карамчанд Гандӣ дар Гуҷарат соли 1869, дар оилаи шахси бадавлат, ки ба табақаи савдогарони касбӣ мутааллиқ буди, таваллуд ёфтааст. Ҷаҳонбинии Ганди таҳти таъсири муҳити оилавие ташаккул ёфтааст, ки дар он рӯҳияи дини ҳиндуия ҳукумрон буд. Гандӣ дар ҳаждаҳсолагӣ озими Бритониёи Кабир шаҳри Лондон шуд. Вай дар он ҷо маълумоти ҳуқуқшиносӣ гирифт. Соли 1893 Гандӣ баҳри ҳимояи як ширкати англисӣ дар мурофиаи судӣ ба Африқои Ҷанубӣ сафар кард. Ӯ дар ин кишвар дарк сохт, ки чи қадар ҳиндуҳо, ҳабашҳо ва дигар намояндагони ғайрисафедпӯстон мушкилиҳои зиёди иҷтимоӣ доранд. Гандӣ ба қароре омад, ки дар Африқо, баҳри ёрӣ ба халқи одӣ, бимонад. Вай дар ин ҷо солҳои 1893-1914 манфиатҳои ҳамватанони муҳоҷирашро ҳимоя намуд. Маҳз дар ин кишвар ақидаҳои фалсафӣ ва ҷамъиятию сиёсии Гандӣ, ки минбаъд тактикаи муборизаи ӯро бо мустамликадорони англис муайян сохт, шакл гирифтанд. Бори нахуст дар Африқои Ҷанубӣ Гандӣ дар амал принсипҳои Муқовимати ғайризӯроварӣ «ғайризуроварии ғайриҳамкорӣ» («на ба ҳукумат зӯрӣ дорем, на ба он ҷонибдорем») ё «Сатяграха» («Матонат дар роҳи ҳақиқат»)-ро, ки дар зери таъсири воқеаҳои сиёсии оғози асри XX Русия ҳосил шудаанд, истифода бурд. Ба ҳодисаҳои соли 1905-и Русия баҳо дода, Гандӣ зикр сохт, ки
«ҳатто сарвари пурқудрат ҳам наметавонад бе дастгирии раият ҳукмдорӣ намояд». Маҳатма Гандӣ
|
Аз таъпимоти Л.Н. Толстой Гандӣ усули муборизаи ғайризуровариро қабул кард. Соли 1908 вай маъракаи нахустини саркашии шаҳрвандонро нисбати қонунҳои иртиҷоии режими мустамликадорони Африқои Ҷанубӣ созмон дод. Ба шарофати дар Африқо бомуваффақият гузаронидани якчанд маъракаҳои шаҳрвандони бо ҳукумат ҳамкорӣ надошта, чопи мақолаҳо дар матбуот, махсусан дар маҷаллаи «Индиэн Опиниэн» («Ақидаи Ҳинд») ба дастгирии ҳаракати миллии ватанаш, номи ӯ дар Ҳинд ҳам вирди забонҳо шуд. Соли 1914 Гандӣ ба ватан баргашт. Пас аз як сол дар Аҳмадобод ӯ бо дастгирии сармоядорони Гуҷарат маркази ташвиқотию тарғиботии идеяи сатяграха - «Сатяграха-ашрам»-ро бунёд бахшид. Ӯ се маъракаи «Муқовимати ғайризӯровари»-ро амалӣ намуд. Аввали соли 1915 дар князигарии Раҷкот барои манъи як қатор боҷҳои гумрукӣ, дуюмин соли 1917 баҳри ислоҳоти тарзи мардикоргирӣ ба хориҷа, сеюмин охири соли 1917 аввали соли 1918 дар Биҳор бар зидди истисмори деҳқонони Ҳинд аз ҷониби заминдорони англис ба вуқӯъ пайваст. Баъди ин маъракаҳо обрӯю эътибори сиёсии Гандӣ дар Ҳиндустон хеле боло рафт. Баромадҳои ӯ дар ниҳоди миллатгароён ҷалби оммаро дар мубориза бар зидди режими мустамликадорон ҷой намуд. Дар рафти қиёми муборизаҳои миллӣ-озодихоҳй нахустин иттифоқҳои касаба ба миён омаданд. Соли 1918 бо иштироки Гандӣ Ассотсиатсияи коргарони бофанда созмон ёфт. Вай дар матбуот ва ҳамоишҳо муттасил баромад мекард. Аввали солҳои бистум Гандӣ яке аз симоҳои шинохта дар байни миллатгароёни Ҳинд буд. Вай бо бисёр забонҳои ҳиндӣ ҳарф мезад, барои мардуми одӣ одами худӣ буд. Дар гузашта сарватманд бошад ҳам, дар қатораҳои дараҷаи сеюм ба сафар мебаромад. Дар тӯли бист сол Гандӣ бевосита ба муборизаи зидди ҳукумати Подшоҳии Муттаҳидаи Бритониёи Кабир сарварӣ менамуд. Дар ҷавоби репрессияи англисҳо вай 1 августи соли 1920 маъракаи саркашӣ аз итоат ба ҳукуматдоронро амалӣ кард. Маърака дар шакли митингҳо, намоишҳои оммавӣ, ҳамоишҳо дар бисёр ноҳияҳои кишвар сурат мегирифт. Маъракаро Гандӣ бе машварат бо роҳбарони Конгресси миллӣ эълон менамуд ва мегузаронд. Муваффаққияти ҳаракати нав ба Конгресс таъсири ҷиддӣ расонд. Дар Калкутта, дар анҷумани фавқулодда аввалҳои моҳи сентябри соли 1920 пешниҳоди Гандӣ оид ба барномаи ҳамкорӣ накардан бо ҳукумат қабул гардид. Идеолужии расмии Конгресс гандизм шуд.
Соли 1922 Гандӣ ногаҳон изҳорот пахш намуд, ки мамлакат ба муборизаи ғайризӯроварӣ тайёр нест. Вай қатъ гаштани маъракаи ғайриҳамкории шаҳрвандиро эълон кард. Ин қарор бо кадом сабабҳо ба миён омад? Аз як тараф, дар он давра ва дар он шароит оппозитсияи миллӣ наметавонист ба нерӯи империализм муқобил истад, аз дигар ҷониб, роҳбарони Конгресс идораи ҳаракати оммаро аз даст медод. Дар ин муддат ба Гандӣ муяссар гашт, ки статуси кастаҳои пасттаринро тағӣир диҳад. Бо ин мақсад солҳои 1924-1925 ду ҳамоиш - сатяграхаро дар мавзеи Вайк созмон бахшид. Гандӣ ба он бовар дошт, ки бояд ҳар як халқу миллат мустақилона умр ба cap барад. Вай мекӯшид ба одамон шахсан намуна бошад, аз ин рӯ, як қисми рӯзро ба бофтани либоси хонагӣ сарф мекард. Ба ақидаи вай, рушди саноат, ба мисли Аврупо дар Амрико ҳам ба истисмор, ҳарисӣ ва қашшоқӣ оварда расондааст. Соли 1925 ӯ Ассотсиатсияи умумиҳиндии риштабофии дастиро созмон дод. Вазъи иҷтимоӣ дар кишвар муташанниҷ мегашт. Дар Лаҳор, моҳи декабри соли 1929, анҷумани Конгресс барпо шуд ва он дар хусуси идома бахшидани маъракаи ғайриҳамкории шаҳрвандӣ қарор ба тасвиб расонд. Роҳбарии маърака чун пештара ба зиммаи Гандӣ вогузор шуд. Анҷуман баҳри истиқлоли комили кишвар қарор қабул намуд. Яке аз воқеаҳо, ки ба Гандӣ шуҳрати безавол овард, ба намак вобаста буд. Аҳолӣ маҷбур мешуд, ки намаки мағозаҳои ҳукуматиро бо нархи гарон бихарад, ҳол он ки онро худаш бо нархи хеле арзон истеҳсол карда метавонист. Аз ин рӯ, Гандӣ ба мавзеи Данди омад, то ки аз об намак ҳосил намояд. Ҳукумат аввал ба чунин намуди эътироз аҳамияти ҷиддӣ надод. Вале ба зудӣ ҳазорҳо нафар одамон ба Гандӣ пайвастанд. «Мо баҳри Худо пеш меравем», иброз дошт Гандӣ. Ӯ ба ҷонибдоронаш тарзи истеҳсоли намакро меомӯзонд. Хизматчиёни давлатии маҳаллаҳо тарки кор намуда, бо ҳамоишгарон пайвастанд. «Исёни намак» таъсири зиёде гузошт ба вазъи сиёсии кишвар ва он баҳои мусбати журналистони тамоми дунёро соҳиб гашт. Моҳи майи соли 1930 Гандӣ ва ҳаммаслаки ӯ, раиси Конгресси миллии Ҳиндустон Ҷавоҳирлаъл Нерӯ ҳабс шуданд. Моҳи январи соли 1931 Гандӣ ба озодӣ мебарояд ва барои гуфтушунид бо давлати мустамликадор ба Лондон меравад. Англиcҳо бо иғво овозаҳои бардурӯғ паҳн намуда, гуноҳи ба нокоми мувоҷеҳ гаштани гуфтушунидро ба дӯши Гандӣ ва Конгресси миллӣ партофтанӣ шуданд. Вале тирашон хок хӯрд. Аз ин ру, маъракаи сеюми бех,амкорӣ бо ҳукумат оғоз ёфт, аммо натиҷаи чашмрас набахшид. Зеро роҳбарони Конгресс, аз ҷумла Гандӣ ҳабс шуданд. Моҳи октябри соли 1934 Гандӣ шартан Конгрессро тарк гуфт Ин ба ӯ ёрӣ расонд, ки шуҳраташро дар байни омма ҳамчун шахси ғайриҳизбӣ нигоҳ дорад ва фузунӣ бахшад. Мохи апрели соли 1942 Гандӣ ба миён шиоре партофт: «Аз Ҳинд дафъ шав!». Вай изҳор намуд, ки мубориза баҳри истиқлоли кишвар дар шакли саркашӣ аз иҷрои амру супоришҳои ҳукумат сурат мегирад ва эҳтимол аз чаҳорчӯбаи осоиштаи маъракаи беҳамкорӣ бо ҳукумат барояд. Ин аллакай таҳдид ба мустамликадорон буд. Дар оғози моҳи август дар Бомбай Кумитаи умумиҳиндии Конгресс оид ба оғози маъракаи беҳамкорӣ бо ҳукумат қарор ба тасвиб расонд. 9 август Гандӣ ва дигар роҳбарон бо ҷурми кӯшиши табаддулоти давлатӣ намудан ба ҳабс афтоданд. Фаъолияти Конгресс расман манъ шуд. Намоишҳои оммавии зиддианглисҳо мамлакатро фаро гирифтанд. 6 майи соли 1944 Гандӣ аз маҳбас ба озодӣ баромад ва ба муборизаи зидди мустамликадорон идома бахшид. Вале мубориза мураккаб гардид. Зеро дар байни ҳиндуҳои мусалмону пайравони дигар динҳо ихтилоф ба миён омад. Гандӣ бар зидди ҷудоихоҳӣ хеле мубориза бурд, аммо бенатиҷа. Англисҳо кишвари ягонаро ба ду қисмат намуданд: Ҳиндустон ва Покистон. Моҳи августи соли 1947 порлумони англисҳо оид ба истиқлоли Ҳиндустон қонун ба тасвиб расонд, ки аз 15 августи соли 1947 мавриди амал қарор гирифт. Муборизаи қаҳрамононаи халқи Ҳинд баҳри истиқлол бо комёбй анҷом пазируфт. Муҳоҷирати иҷбории аҳолии мусалмону ғайримусалмон дар байни ҳар ду доминион - Ҳиндустон ва Покистон, муносибатҳоро тезутунд намуд. Гандӣ бар зидди ин аъмол гуруснанишинӣ эълон кард. Узви созмони динии «Ҳинду маҳа сабҳа» 30 январи соли 1948 ҳангоми адои намоз ба Гандӣ сӯиқасд намуд ва ӯ ба ҳалокат расид. Куштори Гандӣ - пешвои миллӣ, «падари миллати Ҳинд» қаҳру ғазаби оммаро ба вуҷуд овард.
Донистаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ёди халқ Гандӣ ҳамчун Маҳатма — мураббӣ абадӣ нақш бастааст. Маънои дигари ин вожа «дили бузург» аст.[12]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ганди Моҳандас Карамчанд // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Babelio (фр.) — 2007.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 3.5 Mahatma Gandhi Biography // Зиндагинома
- ↑ 4.0 4.1 https://web.archive.org/web/20190303203819/https://gandhijayanti2017.com/mahatma-gandhi-family-tree/
- ↑ https://books.google.com/books?id=FauJL7LKXmkC — С. 1—3.
- ↑ Mohandas K. GandhiBiography (ингл.) // IMDb — 1990.
- ↑ JSTOR — 1995.
- ↑ 8.0 8.1 https://www.gandhiheritageportal.org/familytree — 2013.
- ↑ 9.0 9.1 9.2 9.3 http://wowmusings.blogspot.com/2006/12/how-many-children-did-mahatma-gandhi.html
- ↑ https://gandhijayanti2017.com/mahatma-gandhi-family-tree/
- ↑ Википедиаи русӣ/Махатма Ганди
- ↑ Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 84 - 88
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 2 октябр
- Зодагони соли 1869
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Зодагони Ҳиндустони Бритониёӣ
- Даргузаштагони 30 январ
- Даргузаштагони соли 1948
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Сиёсатмадорони Ҳиндустон
- Шахсиятҳо: Ҳиндустон