Имоди Факеҳи Қирмонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Хоча Имодуддини Кирмони яке аз шоирони асри 14 аст, ки бо Хофизи Шерози муосир буда, дар аксари сарчашмаҳои адаби ва таърихи бо лакаби Имоди Факех зикр ёфтааст. Имоди Факех такрибан дар соли 1310, дар шахри Кирмон таваллуд шудааст. Соли 1372 хамон чо вафот мекунад. Дар шахрҳои Кирмон, Шероз ва Язд тахсил намудааст. Шайх Озари дар Чавохируласрор, Давлатшохи Самарканди дар Тазкиратушшуаро ва дигар тазкиранависон ба фазлу дониш ва хунари шоирии Имоди Факех баҳои баланд додаанд. У махсусан дар илми бадеъ мумтоз будааст. Шоири сермахсул Имоди Факех шаш маснави ва як девони ашъор ба мерос гузоштааст. Онхо бо номи Куллиёти Имоди Факехи Кирмони ба табъ расидаанд, ки аз 16 ҳазор байт иборат мебошанд.

Мероси адаби[вироиш]

1) Манснавии «Тарикатнома» ё «Мисбохулхидоят» аз 10 боб (4880 байт) иборат буда, соли 1349 ба номи Шох Шучоъ таълиф шудааст. Дар ин маснави сухан бештар аз масъалаҳои амалии тасаввуф меравад ва аз руйи мазмун онро дастурномаи ахли тасаввуф ва пайравони роҳи тарикат хисобидан мумкин аст. 2) Достони Сафонома ё Мунисулаброр ва Анисулахёр хачман хурд буда, аз се макола иборат аст, хар яки он дар навбати худ ба фаслҳои алохида таксим мешавад. Сафонома (1364-1365) мазмуни ахлоки дорад, худи шоир низ онро Сад панд номидааст. Имоди Факех дар ин достон аз бевафоии умр, бебакоии дуне, чабру ситами фалак ва гайра шикоят карда, мардумро ба неки хидоят фармудааст. 3) Манснавии Сухбатнома ё Тарбиятнома (1330-1331). Дар хачми 954 байт буда, аз 10 макола иборат аст. Дар он шоир оид ба неки, халқпарвари, адолату ҳақиқат ва гайра акидаҳои чолиб пеш гузоштааст. 4) Достони Мухаббатнома (1331-1332) мукаддимаи хурди насри дорад, ки дар он сабаби таълифи асар накл шудааст. Достон дорои 480 байт буда, ба 8 боб таксим мешавад. Мухаббатнома дар мавзуи ишку ошикист. Дар достон на танхо аз ишки инсон, балки аз мухаббати ҳайвонот, наботот, чавохирот ва дигар чисмхо низ сухан рафтааст. Шоир дар ин асар мунозираи рух ва бадан, зарра ва хуршед, оҳан ва оҳанрабо, шамъу парвона, кох ва кахрабо, гулу булбул, паша ва филро оварда, аз мухаббати байни онхо накл кардааст. 5) Маснавии Дах нома (соли таълифаш номаълум) дах номаро дар бар мегирад ва ба шахсони гуногун бахшида шудааст. 6) Достони «Тухфатулихлос» ё «Китобулмаориф» (соли таълифаш номаълум) низ андешаҳои ахлокии шоирро фаро гирифтааст. У дар ин асар подшоҳонро ба инсофу адолат даъват кардааст. 7) Девони ғазалиёт, мукаттаот, касоид ва гайра. Девони ашъораш китъаҳои зиёде дорад, ки дар васфи подшоҳу вазирон ва дигар шахсони таърихии замонаш суруда шудааст. Китъахо бисёр акидаҳои тарбиявию ахлокии шоирро фаро гирифтаанд. Куллиёти шоир 26 касида дорад, ки мадхи подшоҳону вазирон, шикоят аз замона, таргиби илму адаб ва баъзе лахзаҳои хаёти шоирро дар бар гирифтааст. Дар эҷодиёти Имоди Факех ғазал мақоми хоса дорад. Ғазалҳои у аз руйи мазмун, санъати бадеи, хушоҳанги ва латофату назокати сухан ба ғазалҳои Хофиз шабохат доранд. Куллиёти шоир 107 рубои дорад, ки хамаги соддаю равон гуфта шудаанд. Намунахо аз эҷодиёти у:

Аз ғазалиёт[вироиш]

Гул нусхаи чамол зи руят гирифтааст,
Сунбул саводи атр зи муят гирифтааст.
Аз нуктаҳои сехри мубин нусхаи саким,
Наргис зи чашми арбадачуят гирифтааст.
Боди сабо ки домани гул пурабир аз уст,
Муе зи зулфи голиябуят гирифтааст.
Гулбарг бо узори ту зад лофи нозуки,
Сунбул шуниду чониби руят гирифтааст.
Аз гул латифтар нашунидем сурате,
В-он нозуки зи руйи накуят гирифтааст.
Боди бахор кард зи нав атрсоие,
Гуи губоре аз сари куят гирифтааст.
Фориг бувад зи бодаи хумхонаи бихишт,
Масте, ки кузае зи сабуят гирифтааст.
Хуйи хуш аст коидаи ошикони ту,
Хар кас, ки дид руйи ту, хуят гирифтааст.
Дони, ки шохи умри Имод аз чи тоза гашт,
Оби хаёте аз лаби чуят гирифтааст.
Гарчи руят надидаем, эй дуст,
Васфи хуснат шунидаем, эй дуст.
Гуфта буди, ки мо аз они туем,
Асаре з-он надидаем, эй дуст.
Солхо бар умеди софии васл,
Дурди хичрон чашидаем, эй дуст.
Охири кардаем кори ҷаҳон,
К-аввал аз сар буридаем, эй дуст.
Мо чу мургон ба боли химмату чахд,
Дар хавоят паридаем, эй дуст.
Дар ҷаҳон баргузидаи хамаем,
То туро баргузидаем, эй дуст.
Гар кассе дар бало гирифтор аст,
Мо ба неъмат расидаем, эй дуст.
Ба зарат чун Имод нафрушем,
Ки ба чонат харидаем, эй дуст.
Он шаби кадр аст ё гесуйи дуст,
В-он хилоли ид ё абруйи дуст.
Дил нисори зулфи анбарбори ёр,
Чон фидои гамзаи чодуи дуст.
Шуд машоми чони бедил анбарин,
Аз насими сунбули хиндуи дуст
Мекунад дилҳои вахширо шикор,
Шергири гамзаи охуи дуст.
Гар сабо хоҳад, ки мушк арзон шавад,
Халқае бикшояд аз гесуи дуст.
Хар саре муйи диле бистонадаш,
Гар ба дасти шох афтад муйи дуст.
Дар шаб ар хуршеди рахшон боядат,
Парда бардор, эй сабо, аз руйи дуст.
Обруи мардум аз чох асту мол,
В-обруи мо зи хоки куйи дуст.
Аз Имоди хаста пайгоме бибар,
Эй насим, ар рох дори суйи дуст.