Jump to content

Имоди Фақеҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Имоди Фақеҳ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1372
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Хоҷа Имодуддин Фақеҳи Кирмонӣ (форсӣ: خواجه عمادالدین علی فقیه کرمانی[1]; Кирмон1372) — шоир, ориф ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Лақаби «Фақеҳ» номи хонаводагии ӯст. Имоди Фақеҳ аз шоирони хонақоҳии адабиёти форсист. Абдурраҳмони Ҷомӣ, Хондамир ӯро бо унвони «Шайхи Хонақоҳдор» ёд кардаанд. Ҳамчунин, Имоди Фақеҳ, дар маснавиаш «Сафонома» гуфторҳо дар одоби хонақоҳ дорад, ки нишондиҳандаи аҳаммияти тариқати хонақоҳӣ дар низоми фикрии ӯст. Бино бар маълумоти тазкираҳо, амакаш Низомуддин бо тавсияи Шайх Зайнуддини Абдуссалом (муриди Шаҳобуддини Суҳравардӣ) хонақоҳе бино карда, ба тарбияи муридон пардохт. Пас аз фавти ӯ идораи ин хонақоҳ ба уҳдаи Имоди Фақеҳ ва бародараш Муҷидуддин буд. Амир Муборизуддини Муҳаммад (фавт 1365) — аввалин амири силсилаи подшоҳони Оли Музаффар ба Имоди Фақеҳ эътимоди бузург дошт. Аз ин рӯ, дар девони шоир ашъори бисёре дар мадҳи ӯ ва фарзандаш Шоҳ Шуҷоъ (фавт 1384) вуҷуд дорад. Шоҳ Шуҷоъ низ ба Имоди Фақеҳ иродатманд буд ва Имоди Фақеҳ дар мадҳияҳояш ӯро насиҳат кардааст. Ҳамчунин дар васфи чандин дӯсти наздики хеш мадҳияҳо сурудааст. Шайх Озарӣ дар «Ҷавоҳиру-л-асрор», Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» ва дигар тазкиранависон ба фазлу дониш ва ҳунари шоирии Имоди Фақеҳ баҳои баланд додаанд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон» шеъри ӯро шеъри ҳамаи мардуми Кирмон гуфтааст. Имоди Фақеҳ дар гуфтани шеър ба Саъдӣ иродат доштааст ва худро ровии ашъори ӯ номидааст. Имоди Фақеҳ ҳам дар ғазал ва ҳам дар маснавинависӣ ба Саъдӣ пайравӣ кардааст. Аз ин рӯ, Изди Яздӣ, ки аз адибони муосири Имоди Фақеҳ буд, ӯро «Саъдии Сонӣ» ном бурдааст. Ҳамчунин, ғазалҳои Имоди Фақеҳ ба зеҳну забони Ҳофиз таъсири зиёд доштааст. Ӯ, махсусан, дар илми бадеъ мумтоз будааст.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Имоди Фақеҳ шаш маснавӣ ва як девони ашъор ба мерос мондааст. Онҳо бо номи «Куллиёти Имоди Фақеҳи Кирмонӣ» ба табъ расидаанд, ки дорои 16 ҳазор байт мебошанд. Тартиби куллиёти шоир чунин аст: 1) Маснавии «Тариқатнома» ё «Мисбоҳу-л-ҳидоят» аз 10 боб (4880 байт) иборат буда, соли 1349 ба номи Шоҳ Шуҷоъ таълиф шудааст. Дар ин маснавӣ сухан бештар аз масъалаҳои амалии тасаввуф меравад ва аз рӯи мазмун онро дастурномаи аҳли тасаввуф ва пайравони роҳи тариқат ҳисобидан мумкин аст. 2) Достони «Сафонома» ё «Мӯнису-л-аброр ва анису-л-ахёр» ҳаҷман хурд буда, аз се мақола иборат аст, ҳар яки он дар навбати худ ба фаслҳои алоҳида тақсим шудаанд. «Сафонома» (1364-65) мазмуни ахлоқӣ дорад, худи шоир низ онро «Сад панд» номидааст. Имоди Фақеҳ дар ин достон аз бевафоии умр, бебақоии дунё, ҷабру ситами фалак ва ғ. шикоят карда, мардумро ба некӣ ҳидоят фармудааст. 3) Маснавии «Суҳбатнома» ё «Тарбиятнома» (1330-31) дар ҳаҷми 954 байт буда, аз 10 мақола иборат аст. Дар он шоир оид ба некӣ, халқпарварӣ, адолату ҳақиқат ва ғ. ақидаҳои ҷолиб пеш гузоштааст. 4) Достони «Муҳаббатнома» (1331-32) муқаддимаи хурди насрӣ дорад, ки дар он сабаби таълифи асар нақл шудааст. Достон дорои 480 байт буда, ба 8 боб тақсим шудааст. «Муҳаббатнома» дар мавзӯи ишқу ошиқист. Дар достон на танҳо аз ишқи инсон, балки аз муҳаббати ҳайвонот, наботот, ҷавоҳирот ва дигар ҷисмҳо низ сухан рафтааст.

Шоир дар ин асар мунозираи рӯҳ ва ҷисм, зарра ва хуршед, оҳан ва оҳанрабо, шамъу парвона, коҳ ва каҳрабо, гулу булбул, пашша ва филро оварда, аз муҳаббати байни онҳо нақл кардааст. 5) Маснавии «Даҳнома» (соли таълифаш номаълум) даҳ номаро дар бар мегирад ва ба шахсони гуногун бахшида шудааст. 6) Достони «Туҳфату-л-ихлос» ё «Китобу-л-маориф» (соли таълифаш номаълум) низ андешаҳои ахлоқии шоирро фаро гирифтааст. Ӯ дар ин асар подшоҳонро ба инсофу адолат даъват кардааст. 7) Девони ғазалиёт, муқаттаот, қасоид ва ғ. Девони ашъораш қитъаҳои бисёре дорад, ки дар васфи подшоҳу вазирон ва дигар шахсони таърихии замонаш эҷод шудаанд. Қитъаҳо бисёр ақидаҳои тарбиявию ахлоқии шоирро фаро гирифтаанд. Куллиёти шоир 26 қасида дорад, ки мадҳи подшоҳону вазирон, шикоят аз замона, тарғиби илму адаб ва баъзе лаҳзаҳои ҳаёти шоирро дар бар гирифтааст. Дар эҷодиёти Имоди Фақеҳ ғазал мақоми хос дорад. Ғазалҳои ӯ аз рӯи мазмун, санъати бадеӣ, хушоҳангӣ ва латофату назокати сухан ба ғазалҳои Ҳофиз шабоҳат доранд. Куллиёти шоир 107 рубоӣ дорад, ки ҳамагӣ содаву равон гуфта шудаанд.

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бар лавҳи ҷон навиштаам аз гуфтаи падар,
Рӯзи азал, ки турбати ӯ бод анбарин:
К-ай тифл, агар ба суҳбати уфтодае расӣ,
Шӯхӣ макун, ба чашми ҳақорат дар ӯ мабин!
Гар дар ҷаҳон диле зи ту хуррам намешавад,
Боре чунон макун, ки шавад хотире ҳазин!
Бар шер аз он шуданд бузургони дин савор,
К-оҳистатар зи мӯр гузаштанд бар замин.
Ёре ба ҷуз Худо натавон хостан, Имод,
Ё Мустаъону, авнака ийёка настаъин!

  1. عمادالدین علی عماد فقیه کرمانی(форсӣ). ویستا. 8 апрели 2024 санҷида шуд.