Имодуддин Умар ибни Бакри Заранҷарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Имодуддин Умар ибни Бакри Заранҷарӣ
Иттилооти инфиродӣ
Вироиши Викидода

Заранҷарӣ, Имодуддин Шамсулаимма Умар ибни Бакр ибни Муҳаммад ибни Алӣ (? — 1188) — фақеҳ ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абулало ал-Фаразӣ дар ҳаққи вай гуфтааст: «Ӯ Нуъмони сонии замони худ мебошад». Заранҷарӣ дар назди падараш Бакри Заранҷарӣ таълиму тарбия гирифта, ба камол расидааст ва охирин касе будааст, ки донишҳои аз падар андӯхтаро ривоят мекардааст. Фақеҳ Ҷамолуддин Убайдуллоҳи Маҳбубӣ ва Шамсулаимма Муҳаммад ибни Абдуссаттор ал-Кардарӣ аз шогирдони номдори Заранҷарӣ мебошанд.

Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз таълифоти ӯ китоби «Адабу-л-қозӣ» дар баёни одобу русуми қозигӣ маъруф буда, ба забони арабӣ таълиф шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]