Jump to content

Имомии Ҳиравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Имомии Ҳиравӣ
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1287
Маҳалли даргузашт
Кишвар

Зиёуддин Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абубакр (маъруф ба Имомии Ҳиравӣ; Ҳирот1287, Исфаҳон) — шоир ва донишманди форс-тоҷики даврони Элхониён ва Атобакони Форс, муосири Саъдии Шерозӣ, Ҳумоми Табрезӣ ва Маҷди Ҳамгар.

Тарчумаи ҳол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ дар асри XIII дар Ҳирот ба дунё омадааст. Ҳаёт ва эҷодиёти Имомии Хиравӣ чандон тадқиқ нашудааст. Имомии Ҳиравӣ аз синни 10-солагӣ ба сурудани шеър оғоз карда, то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ шеър мегуфт. Имомии Ҳиравӣ бештар асарҳои назмӣ офаридааст.

Бо сабаби муддате дар Кирмону Исфаҳон истиқомат доштанаш баъзе сарчашмаҳо ӯро ба нисбати Кирмонӣ ва Исфаҳонӣ ҳам ёд кардаанд.

Имомии Хиравӣ яке аз донишмандони маъруфи замонаш буда, дар олами шеъру шоири унвони фахрии «Имомушшуарои»- ро соҳиб гаштааст, вале аз таълифоти илмиаш, зоҳиран, чизе боқӣ намондааст. Шоирону тазкиранависон Давлатшоҳи Самарқандӣ, Алишери Навоӣ, Лутфалибеки Озар ва Ризокулихони Ҳидоят ба шеъри Имомии Хиравӣ баҳои баланд додаанд. Яке аз шоирони ҳамасраш Маҷди Ҳамгар ӯро хеле ситуда ва бо муболига дар шоири аз Саъдӣ боло гузоштааст (Дар шеваи шоири… ману Саъди ба Имомӣ нарасем).

Эҷодиёти Имомии Ҳиравӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоир, нависанда ва файласуфи бузург Имомии Ҳиравӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ӯ аз хурдӣ ба шеъру шоирӣ майлу рағбати беандоза пайдо мекунад. Эҷодиёти ӯ аз қасида, ғазал, рубоӣ ва ғайраҳо иборат буда, бештар аз ду ҳазор байтро дар бар мегирад. Эҷодиёти шоир ба баҳри азиме шабоҳат дорад, ки зимни кашфи рамзу розҳои он дурри максуд ба даст хоҳад омад

Бояд зикр кард, ки барои фаҳмидани абёти шоир дониши мукаммал бояд дошт, зеро калимаю ибораҳо дар эҷодиёти ӯ соддаю фаҳмо бошанд ҳам, аммо маънои онҳо пӯшидаву душворанд.

Яке аз рубоии машҳури Имомии Ҳиравӣ чунин аст:

Ҳар гаҳ, ки дили хаста дар он мекӯшад,
К-аз соғари ғам майи ду лаълат нӯшад.
Унноби лабат мардумаки чашми маро,
Гӯяд: «Магарат ҳанӯз хун меҷӯшад?»

Девони ашъори Имомии Хиравӣ, ки яке аз нодиртарин нусхаҳояш дар ганҷинаи дастнависҳои АФ Тоҷикистон мавҷуд аст, қасоид, ғазалиёт, рубоиёт ва дигар анвои шеърҳои лирикии ӯро дар бар мегирад. Нусхаҳои дигаре аз девони шоир дар китобхонаҳои Бангола, Банкепур (Ҳиндустон), музейи Британия (Англия) махфузанд. Имомии Хиравӣ дар ғазалиёти рангинаш, ишқу ошиқи, рақсу мусиқӣ, навою тараб, соқию май, гулу сумбул, баҳору ҷавони барин чиҳатҳои зиндагиро тараннум карда, таҳлили масъалаҳои мухталифи ҳаёту мамот, қазову қадар ва ғайраро мавзӯи баҳси рубоиҳояш қарор додааст. Қасидаҳои шоир моҳияти ахлоқию тарбиявӣ доранд. Ӯ ҳатто зимни мадҳияҳояш ҳам амирону вазирони давраи худро ба адлу дод ва караму саховат даъват мекунад. Тасвири манозири дашту даман дар айёми баҳор, васфи рангрезиҳои дасти эъҷози табиат ва ситоиши афсунгариҳои фаслҳои сол дар қасидаҳои шоир устокорона сурат гирифтааст:

Тозаву хуррам аст чун рухи ёр.
Саҳни гетӣ зи рангу бӯи баҳор.
Даштро аз зумуррад аст бисот.
Кӯҳро пурзабарҷад аст канор.
Чатри беҷода манбаи лӯълӯст,
Тахти имрӯза маъдани динор.
Ҷунбиши боду соҳати чаман аст,
Турраи Чину ғайрати Фархор.
Барги насрину шохи шамшоданд
Рухи зебову турраи дилдор.
Икди лӯълӯ намуда дар ёқут,
Тунги шаккар кушода дар гуфтор.
Оби ҳайвон-ш дар ду гӯшаи лаъл,
Назми парвин-ш дар ду донаи нор.
Суманаш рух кашида дар сунбул,
Сунбулаш пай фиканда дар гулнор.
Рухаш аз зулф моҳ дар ақраб,
Зулфаш аз чеҳра мор дар гулзор.
Мори ӯ дар паноҳи бадри мунир,
Моҳи ӯ дар ниқоби мушки татор.
Сунбулаш ҳамчу ҳиндуе дар тоб,
Наргисаш ҳамчу ҷодуи хунхор…

Махсусан ғазалиёти шоир арзиши баланди адабӣ доранд. Корбасти саноеӣ бадеӣ, салосат ва балоғати калом шевоӣ ва равонии ашъори шоирро таъмин намудаанд:

Турки ман чун турраи анбаршикан пурчин кунад,
Арсаи Чинро зи чини тура мушкогин кунад.
Меҳри морафсойро бар норван ҷавлон диҳад,
Мори меҳрангезро бар настаран пурчин кунад.
Наргиси сероб-ш андар боғи ҳусн аз майли куфр
Ҳам зи гул бутхона созад ҳам зи сунбул Чин кунад.
То гулашро нофаи мушки Хутан бистар шавад,
Сунбулашро тӯдаи барги суман болин кунад.
Лолаи худрӯйро дар сояи анбар кашад,
Сунбули серобро пирояи насрин кунад.
Зулфат андар тоб чине дигар аст,
Куфрат андар зулф дине дигар аст.
Аз зумуррад хотами лаъли туро
То хатоварде нигине дигар аст.
Ку диле дигар, ки дасти ишваат
Ҳар дам андар остине дигар аст?
Ку зи нав ҷоне, ки чашми соҳират
Масти ҳусн андар камине дигар аст.
Дар ҷаҳоне, к-офтоби ҳусни туст,
Осмон он ҷо замине дигар аст.
Гирди моҳ аз мушк то хирман задӣ,
Офтобат хӯшачине дигар аст.
Бар Имомӣ з-офаринат ҳар замон
З-офариниш офарине дигар аст.