Jump to content

Инояти Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Инояти Бухороӣ
Навъи фаъолият: шоир

Инояти Бухороӣ (форсӣ: عنایت بخارایی‎; қарни XIX) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бародари шоир, навозанда ва сароянда Дилкаш. Аз шогирдони Исо. Бо аҳли адаби давр муносибатҳои дӯстӣ ва эҷодӣ доштааст. Шамсуддин Шоҳин дар фавти ӯ марсияи пурсӯзе гуфтааст. Ба қавли тазкиранависони қарни XIX, Инояти Бухороӣ дар сурудани анвои гуногуни шеър моҳир будааст. Ӯ дар қасидасароӣ ба шоирони пешгузашта тақлид ва услуби нигориши онҳоро пайравӣ мекард. Дар навиштаҳояш аз санъатҳои гуногуни бадеӣ, махсусан, муболиға бештар истифода бурдааст. Намунаҳои ашъораш дар баёзу тазкираҳои қарни XIX сабт гардидаанд. Абёти зер аз сурудаҳои ӯст:

Эй зи зулфи ҳамчу шомат гашта рӯзи ман сиёҳ,
Эй зи чашми чун ғизолат ҳоли ман гашта табоҳ,
Ҷаврҳо дидам зи дастат, дод аз дасти ту, дод,
Ранҷҳо дидам зи ҷаврат, оҳ аз ҷаври ту, оҳ.
Эй ба рух монанди Моҳу в-эй ба қад монанди сарв,
Худ бифармо, то чӣ гӯям, дар ту дорам иштибоҳ?
Моҳ гӯям, Моҳро набвад қади монанди сарв,
Сарв гӯям, сарвро набвад рухи монанди Моҳ.
Моҳи ман, дар даъвии ишқат Иноят содиқ аст,
Ранги зарду ашки сурхи чашми ӯ бошад гувоҳ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]