Jump to content

Иноятуллоҳ Котиби Мавлавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иноятуллоҳ Котиби Мавлавӣ
Навъи фаъолият: шоир, хушнавис

Иноятуллоҳ Котиби Мавлавӣ (қарни XIX) — хаттот ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар санъати хаттотӣ услуби хосси худро дошт. Шумораи дастнависҳои Иноятуллоҳ Котиби Мавлавӣ тақрибан ба 150 адад мебошанд. Муаррих ва тазкиранавис Шарифҷон Махдуми Бухороӣ (қарни XIX) дар «Рисолаи хаттотон» ном асари худ зикр кардааст, ки зиёда аз 30 адад дастнависи арзишманди Иноятуллоҳи Котибро дидааст. Ҳамчунин, шоири боистеъдод, содаву равон ва писанди ҳамагон будани ашъорашро зикр кардааст.