Jump to content

Иноят Махдум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Иноят Махдум
Навъи фаъолият: хушнавис

Иноят Махдум (форсӣ: عنایت مخدوم‎; қарни XIX) — хаттоти форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Бухоро. Тағои Шарифҷон Махдуми Садри Зиё. Аз адабиёти араб ва ба форсӣ тарҷумашудаи Аврупо низ бохабар буд. Дар шабнишиниҳои хонаи Садри Зиё пайваста ширкат меварзид. Дар санъати китобат шеваи хосси навишт дошт. Дар анвои хатти настаълиқ ва шашқалам машҳур шуда, беш аз 200 асарро китобат кардааст. Ба шаҳҳои Кошғар, Ёрканд, Миср, Ҳиҷоз ва Арабистон (1860—1870) сафар намуда, зимни бозгашт чанд сол дар Шероз зиндагӣ кардааст. Соли 1885 ба Бухоро баргашта, ба таълиму тарбияи шогирдон машғул буд (дар мадрасаи Турсунҷон дарс мегуфт). Иноят Махдум дар синни 70-солагӣ ҳангоми китобати асари «Ҷомеъу-с-саҳеҳ» аз дунё гузаштааст. Намунаҳои китобати ӯ дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии ба номи А. Берунии АИ Ҷумҳурии Узбекистон маҳфузанд.