Инстантон
Инстантон (англ. instant–лаҳза) — намуди махсуси флуктуатсияи майдони квантӣ дар хало (вакуум), ки муодилаҳои классикии ҳаракатро қонеъ мекунад; яке аз мафҳумҳои муҳимтарини назарияи квантии майдон (НКМ), ки дар физикаи зарраҳои бунёдӣ ва физикаи ҳолати тарокум (конденсатсия) шудаи модда истифода мешавад. Ба таври физикӣ И.ҳо ба равандҳои нақбии квантию механикӣ, ки дар натиҷаи таъсири садди потенсиалӣ ба вуҷуд меоянд, вобаста мебошанд (нигар Падидаи нақбӣ). И. дар НКМ аз ҷониби А. А. Белавин ва А. М. Поляков кашф карда шудааст (1975); истилоҳи «И.»ро Г. Хофт ба илм ворид карда (1976), дар омӯзиши хосиятҳои И. саҳм гузоштааст. Шарҳи физикии И.ро ҳамчун гузариши нақбӣ В. Н. Грибов пешниҳод кардааст. И., ҳамчун гузариши таҳтуссаддӣ, ба таври математикӣ ҳамчун масири зарраҳо ё майдонҳо дар вақти мавҳум (уқлидусӣ) тавсиф дода мешавад. Дар замони воқеӣ гузариш хеле зуд ба амал меояд (номаш низ аз ҳамин ҷо бармеояд). И. боиси ҳодисаҳое мешавад, ки онҳоро дар чорчӯби назарияи ошӯбҳо маънидод кардан мумкин нест. Дар ҳо лати хусусӣ дар хромодинамикаи квантӣ флуктуатсияҳои навъи И. дар майдони глюонҳо ба вуҷуд меоянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Инстантон // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — С. 239. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.