Jump to content

Институт

Иҷозаи ибҳомзудоӣ
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Институт (лот. institutum – муассиса, ниҳод):

  • Институт, донишкада — но­ми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Дар Тоҷикистон навъи маъмули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад, ки дар соҳаҳои гуногун (илм, санъат, маориф, вар­зиш ва ғ.) мутахассис тайёр мекунад. Аввалин И.ҳо дар Тоҷикистон Ин­ти давлатии педагогии Сталинобод (1931, ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ), Ин­ти давлатии педагогии Ленинобод (1932, ҳоло ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров), Ин­ти давлатии тиббӣ (1939, ҳоло ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино), Ин­ти хоҷагии қишлоқ дар ш. Хуҷанд (1932, ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур) буданд. Дар баъзе киш­варҳо (мас., ИМА) номи мактабҳои олии таълимӣ (мах­сусан, равияҳои фановариву технологӣ, мас., Ин­ти технологии Калифорния) ё бахше аз он (мас. Ин­ти илоҳиёт­ шиносии Донишгоҳи Ҳарвард). И. тавассути ректор (дар ин­тҳои илмӣ таҳқиқотӣ — директор) ва дигар узви раёсат идора мешавад ва аз факулта, кафедра, шуъба, китобҳо­ на, хобгоҳ ва дигар воҳидҳо иборат аст. Дар Тоҷикистон ҳоло ин­тҳои таълимиро «Донишкада» мегӯянд;
  • Институт, пажӯ­ҳишгоҳ — ниҳоди илмӣ-­таҳқиқотӣ; низоми муташаккил ва ҳадафманде, ки бо мақсади омӯзиш ва пажӯҳиш дар яке аз заминаҳои илм ва маориф аз воҳидҳои илмӣ, идорӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва таҳқиқӣ иборат аст. Ҳар яке аз во­ҳидҳои тобеъ масъулияти иҷрои бахше аз аҳдофи И.­ро ба уҳда доранд. Воҳидҳои илмии И.­ро гурӯҳҳои таъли­мӣ ва марказҳои таҳқиқотии вобаста, ки дар умури омӯзиши донишомӯзон ва пешниҳоди хадамоти илмӣ­пажӯ­ҳишӣ муваззафанд, ташкил медиҳанд. Дар сохтори АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон номи муассисаҳои махсуси илмӣ­ таҳқиқотӣ: мас., Ин­ти ботаника, физиология ва генетикаи рустаниҳо, Ин­ти таърих, бостоншиносӣ ва мардум­ шиносии ба номи Аҳмади Дониш, Ин­ти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, Ин­ти иқти­содиёт ва демография, Ин­ти физикаву техникаи ба номи С. У. Умаров ва ғ. Дар Тоҷикистон ҳоло беш аз 20 институ­ти таҳқиқоти илмӣ фаъолият доранд;
  • Институт — номи муасси­саҳои такмили ихтисос (мас., Ин­ти такмили ихтисоси муаллимон);
  • Институт — ин ё он сохтор (ташкилот)­и ҷамъиятӣ, маҷ­мӯи меъёрҳои ҳуқуқ дар ягон соҳаи муносибатҳои иҷти­моӣ (мас., оила, маориф, тандурустӣ, ҳуқуқ, давлат, иқти­сод ва ғ.).