Jump to content

Институти иқтисодиёт ва демография

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Институти иқтисодиёт ва демография
Соли таъсис 2011
Президент Саидмуродзода Лутфулло Ҳабибулло
Нишонии ҳуқуқӣ ш. Душанбе, 734025, кӯчаи Айнӣ, 44
Сайт anrt.tj

Институти иқтисодиёт ва демография — бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2011 №33 дар заминаи муттаҳид намудани ду институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Институти иқтисодиёт ва демография таъсис ёфта аст.

Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази илмӣ барои мутаммарказ гардонидани нерӯи илмии ҷумҳурӣ оид ба ҳалли мушкилоти фарогири рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, таҳкими ҳамгироии илми иқтисодӣ ва талаботи соҳаҳои иктисодиёт ва тайёр намудани олимони баландихтисоси ватанӣ дар соҳаи илми иқтисодӣ амал мекунад. Муайян намудани асосҳои илмии дурнамои рушди фарогир ва ҷойгиркунии оқилонаи қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон дар маркази пажӯҳишҳои илмии Институт қарор дорад.[1].

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз ташкил намудани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 апрели соли 1951 бахши тадқиқотҳои иқтисодӣ ба Шуъбаи иқтисодиёт табдил дода шуда, ҳамзамон, Шуро доир ба омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи (ШОҚИ) назди Президиуми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Ин шуъбаҳо асосан ба таҳқиқи иқтисодиёти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ва фаъолияти пурсамар дар ҷодаи тайёр намудани кадрҳо машғул буданд.

Соли 1964 мутобиқи Қарори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Доир ба самтҳои асосии таҳқиқот ва сохтори Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон” дар заминаи Шуъбаи иқтисодиёти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон ҳамчун махзани ташкилии илми иқтисодии академӣ ташкил шуд. Пайваста бо ташкили Институти иқтисодиёт нерӯи илмии олимон-иқтисодчиёни ватанӣ ба ҳалли масъалаҳои перспективии маҷмаи хоҷагии халқ, моделгирии маҷмаи ҳудудиву-истеҳсолӣ ва манбаи сармоявии рушди онҳо, қавӣ шудани алоқамандии илму истеҳсолот ва боло рафтани сатҳу сифати тайёрии кадрҳои олимон-иқтисодчиён сурат гирифт. Институти иқтисодиёт ҳамчун махзани бузурги илмӣ дар мамлакат муаррифӣ шуда, дар рушду нумӯи илму афкори иқтисоди ватанӣ такони бузурге бахшидааст. Аз соли 1964 ШОҚИ ва Институти иқтисодиёт дар доираи мавзӯи умумиттифоқӣ – «Асосҳои илмии ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи ИҶШС дар минтақаҳои иқтисодӣ», заминаҳои коркарди схемаи территориявии инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда гузошта шуд, ки дар натиҷаи он “Схемаи инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи РСС Тоҷикистон то соли 1980” тарҳрезӣ шуда буд. Схемаи коркардшуда аз тарафи Шурои вазирони Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ тасдиқ шуда буд, ки мувофиқи он лоиҳаҳои нақшаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ, лоиҳагирии ҷузъҳои саноатӣ, ҳамчунин объектҳои азими истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ тарҳрезӣ ва сохта шуда буданд. Дар умум чунин схемаҳо то солҳои 2010 ва 2015 коркард шуда буд, ки муҳитарини онро “Схемаи инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи муҷтамаи минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони ҷанубӣ” ва “Схемаи ташаккул ва инкишофи муҷтамаи минтақавию истеҳсолии Тоҷикистони шимолӣ” ташкил менамояд. Тоҷикистон чун дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, охири солҳои 90-ум, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Аммо, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлатӣ дар назди ҷомеа ҳамвора бо масъалаҳои ташаккул додани рукнҳои давлату давлатдории навини тоҷикон, вазифаи гарону сангинро - тарҳрезии зерсохтори нав, яъне низоми иқтисоди бозорӣ, ки ба сохтори иқтисодии умумибашарӣ ҳамранг бошад, кундаланг гузошта буд. Ҳалли ин масъалаҳо пеш аз ҳама бо фаъолияти тадқиқотии олимони Институти иқтисодиёт ва ШОҚИ алоқамандӣ дошт. Дар ин давраи мураккаби дигаргуниҳои бозорӣ аз тарафи Институти иқтисодиёт ва ШОҚИ лоиҳаи Консепсияи худидоракунӣ ва худмаблағгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда буд, ки ғояи он асосҳои илмии коркарди гузариши иқтисодиёти мамлакатро ба муносибатҳои бозорӣ ва рушди алоқаҳои иқтисодии байналмиллӣ ташкил дода буд. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ соли 1993 дар заминаи Институти иқтисодиёт - Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ (ИИҶМБ) ташкил шуд, ки он ба эҳё ва марҳилаи нави рушди Институти иқтисодиётро дар фазои соҳбистиқлоливу озодии мамлакат оғоз бахшид. Дар давраи солҳои 1993-2000 кормандони Институт равандҳои хусусигардонӣ ва ғайридавлатикунониро мавриди таҳлил қарор дода, тамсила ва механизми амалигардонии онро таҳия намуда, ба ҳукумати мамлакат ирсол карданд. Дар ин давра рушди макроиқтисодии мамлакат, сатҳи шомилгардии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ҳолати сиёсати берунаи мамлакат арзёбӣ шуда, самтҳои асосии ислоҳоти муносибатҳои иқтисодии берунаи ҷумҳурӣ нишон дода шудааст. Соли 2000-ум дар заминаи ИИҶМБ ва ШОҚИ аз нав Институти иқтисодиёти АИ ҶТ созмон ёфт. Бояд қайд намуд, ки дар давраи гузариш муаяйн кардани тамсилаи низоми нави иқтисодӣ, тарҳрезии пояҳо ва ё ниҳодҳои он аз илми академии иқтисодии кишвар, бахусус, кормандони Институти иқтисодиёт пажӯҳишҳову пешниҳодҳои тозаро тақозо дошт.

Бояд зикр намуд, ки дар рушди илми академии иқтисодӣ Институти демографияи АИ ҶТ, ки дар заминаи Маркази омӯзиши муаммоҳои нуфуси аҳолӣ таъсис ёфта буд, саҳми назаррасе гузоштааст. Доктори илмҳои иқтисод Саъдулло Исломов нахустин директори Институти демографияи Академияи илмҳои ҶТ (2002—2010) буданд. Бо мақсади муаяйн намудани дурнамои рушди демографии мамлакат Институти демография бо нерӯи кормандони худ беш аз 40 пурсишҳои сотсиологиро миёни аҳолӣ гузаронида буд. Чунин пажӯҳишҳо имкон дод, ки иттилооти арзишмандро ба даст оранд, ки омори расмӣ надошт. Дар асоси гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ муаммоҳои муҳими демографии мамлакат омӯхта шуда буд: ҳолати умумии демографӣ дар мамлакат; ҳолати рафтори репродуктивии аҳолӣ; демографияи оила, нақши иқтисодии фарзандон дар оила; вазъи муҳоҷирати меҳнатии беруна ва ғ.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.02.2011 №33 дар заминаи Институти иқтисодиёт ва Институти демография Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИИваД) таъсис дода шуд.[2].

Сохтор ва ҳайати пажӯҳишгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сохтори Институт аз директор, муовинон, котиби илмӣ ва 10 шуъба, аз ҷумла, 7 шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ бо ба инобати 109 воҳиди корӣ (90 воҳиди корӣ кормандони илмӣ – 82,5%) иборат мебошад:

Ҳайати кормандони дараҷа ва унвони илмӣ доштаи Институт: академики АМИТ – 1 нафар, узви вобастаи АМИТ – 1 нафар, доктори илм – 14 нафар, номзади илм – 23 нафар. Ҳамагӣ – 39 нафар (43,3%)

Дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар баробари дигар сохторҳо 7 шуъбаҳои илмӣ фаъолият мекунанд:

  1. Шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ
  2. Шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда
  3. Шуъбаи таҳқиқоти демографӣ
  4. Шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ
  5. Шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ
  6. Шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ
  7. Шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ

Иштироки олимон дар таҳияи Барнома ва Стратегияҳои давлатӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Иштироки Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳияи Барнома ва Стратегияҳои давлатӣ, ки таҳқиқот ва коркардҳои илмии онҳо дар раванди татбиқи барномаҳои зерини давлатӣ истифода шудаанд:

- Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030;

- Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020;

- Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025;

- лоиҳаҳои «Консепсияи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Консепсияи рушди иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи олимон ва мутахассисони Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ таҳия ва аз ҷониби Раёсати АМИТ маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд;

- Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи солҳои 2020-2025;

- Барномаи рушди саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025;

- Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2016-2020;

- Ҷамъбасти ниҳоии гурӯҳи байналхалқии машваратӣ оид ба омӯзиши равандҳои муҳоҷирати аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Барномаи миёнамӯҳлати сармоягузории давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025;

- Барномаи рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025;

- Барномаи рушди бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020;

- Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТБМ-2016);

- Барномаи механизми маблағгузории таҳқиқотҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ҳисобот оид ба Консепсияи миллии ҳадафноки илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба масъалаҳои рушди инсон, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои солҳои 2013-2028;

- Консепсияи идоракунии рушди маҳал барои давраи то соли 2030;

- Пешниҳодҳои ҷамъбастии гурӯҳи машваратӣ оид ба мониторинги сатҳи муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Мониторинги Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020;

- Мониторинги Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030;

- Ҳисоботи миллӣ оид ба иҷрои Ҳадафҳои рушди устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (БРСММ);

- Шарҳи стратегии амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Фаъолияти табъу нашр[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар давраи солҳои 1991-2021 нашр шудаанд: Мақолаҳои илмиву оммавӣ – 1068, аз он ҷумла, 135 мақола дар хориҷи кишвар; Маҷаллаи илмии «Иқтисодиёти Тоҷикистон» – 24 шумора чоп шуд; Китоб, монографияҳо – 117. [3].

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Институти иқтисодиёт ва демография(тоҷ.). anrt.tj (2022). 1 июни 2024 санҷида шуд.
  2. ИЛМИ АКАДЕМИИ ИҚТИСОДӢ: ТАЪРИХИ ТАШКИЛ ВА ДАСТОВАРДҲО(тоҷ.). anrt.tj (2022). 1 июни 2024 санҷида шуд.
  3. Институти иқтисодиёт ва демография(тоҷ.). anrt.tj (2022). 1 июни 2024 санҷида шуд.