Jump to content

Инсулома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Инсулома (аз лот. insula – ҷазира ва оma – омос) — омоси ҷазирачаҳои ғадуди зери меъда. Омосҳои ҷазирачаҳо ду навъ мешаванд; аденомаҳо ва аденокар синомаҳо. Тақр. 60 дарсади омосҳои эндокринии ғадуди зери меъдаро унсурҳое ташкил медиҳанд, ки инсулин ҳосил мекунанд. Тахмин меравад, ки пайдоиши омосҳои эндокринӣ ду манбаъ дорад: ҷазирачавӣ ва маҷроӣ. Инсулома бештар дар ғадуди зери меъдаи калонсолон ташаккул меёбад. Омосҳои қутрашон то 2 см ғайрисаратонӣ ва аз 6 см калонтар саратонӣ мебошанд.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]