Jump to content

Ирам Дариҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ирам Дариҷӣ
İrem Derici
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 21 март 1987(1987-03-21) (37 сол)
Зодгоҳ Истанбул, Туркия
Солҳои фаъолият 2012 - то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон, ҳунарпеша
Соз фортепиано
Сабк мусиқии поп
рақсӣ
Ношир(он)
  • DMC muzik yapim
  • GNL muzik yapim
  • İD muzik yapim avrupa muzik yapim (2021) poll production turkey
iremderici.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ирам Дариҷӣ (тур. İrem Derici, тав. 21 марти 1987) — овозхон, ҳунарпеша ва таронанависи турк. Ӯ дар аввали солҳои 2010-ум дар Туркия бо сурудҳои «Zorun Ne Sevgilim», «Kalbimin Tek Sahibine» ва «Dantel» шуҳрат пайдо кард.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ирам 21 марти соли 1987 дар оилаи Ҳулуси Дариҷӣ ва Жале Эдиз таваллуд шудааст[1][2]. Ибтидо аз синни 4-солагӣ ӯ ба омӯзиши фортепиано [3] оғоз кард ва баъдтар дар консерваторияи Донишгоҳи санъати тасвирии Мимар Синан фортепианоро ба пуррагӣ омӯхт. Ӯ дар Донишгоҳи Билгии Истанбул ҷомеашиносӣ омӯхтааст, дар давоми таҳсил дар озмуни овозхонии «O Ses Türkiye» (намунаи туркии шоу "Voice") ширкат варзида, дар он ба нимфинал роҳ ёфт. Дере нагузашта вай ба гурӯҳи "Монопоп" пайваст, ки бо пайвастан дар он дар саросари Туркия ба ҳунарнамоӣ кард.

Фаъолияти ҳунарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти касбии Дариҷӣ соли 2012 пас аз баровардани такоҳанги (сингл) "Bensiz Yapamazsın" оғоз ёфта аст. Соли 2013 такоҳанги дуюми ӯ "Düşler Ülkesinin Gelgit Akıllısı", моҳи сентябри соли 2013 - аввалин макси-сингли "Iki" баромад. "Sevgi Olsun Taştan Olsun" аввалин суруди ин албум буд, ки барои он намоҳанг сабт шудааст, "Zorun Ne Sevgilim" — дуввумин мебошад. Дар тӯли 3 ҳафта вай раддаи дуюмро дар ҷадвали "20 беҳтарин суруд дар забони туркӣ" ишғол намуд. Пас аз он, Дариҷӣ такоаҳанги нави "Neredesin Sen?" -ро баровард, ки онро муаллиф Нешет Эрташ навиштааст.

Соли 2014, такоҳанги Ирам дар Туркия маъруфият пайдо кар ва инчунин дар YouTube таваҷҷуҳи миллионҳо бинандаро ба даст овард[4]. Худи ҳамон сол дуюмин макси-сингли ӯ "Üç",(Ӯч) инчунин ду намоҳанг барои сурудҳои "Bir miyiz?" ва "Nabza Göre Şerbet" сабт шуд[5]. Дар ҷадвали туркӣ "Nabza Göre Şerbet" ҷои сеюмро гирифт[6]. Моҳи март ва мувофиқан, моҳи сентябри соли 2015, такоҳангҳои Ирам "Değmezsin Ağlamaya" ва "Aşk Eşittir Biz" сабт шуда ба мухлисонаш пешниҳод шуданд. Охиринашон раддаи аввали ҷадвали мусиқии туркиро гирифтанд[7]. Худи ҳамон сол, Ирам ҳамроҳ бо Эмра Карадуман албоми "Tozduman" -ро бароварда, инчунин дар эҷоди суруди Карадуман "Nerden Bilecekmiş" ширкат кардааст.

Моҳи феврали соли 2016, Ирам аввалин албоми студиявияш "Dantel"-ро таҳти GNL Entertainment сабт намуд. Суруди "Дантел", ки ба он шомил карда шуд, чор ҳафта раддаи аввали ҷадвали мусиқии туркиро ишғол кард[8].

Соли 2017 вай дар эҷоди албоми Мустафо Ҷеҷелӣ "Zincirimi Kırdı Aşk" ширкат варзид ва дар намоҳанги "Kıymetlim" нақш офарид[9]. Ирам ҳамроҳ бо Гӯкча дар клипи такоҳанги Ёнҷа Эвҷимик "Kendine Gel" нақш офаридааст[10]. Худи ҳамон сол, Ирам такоҳанги "Tektaş" -ро баровард, ки дар ҷадвали туркӣ ба мақоми 8-ум расид[11]. Баъдтар ӯ суруди "Sevimli" -ро барои филми "Bekâr Bekir" иҷро кард. Моҳи ноябри ҳамон сол, ӯ такоҳанги "Bazı Aşklar Yarım Kalmalı" -ро нашр кард, ки раддаи сеюми ҷадвали туркиро ба худ ихтисос дод[12].

Моҳи августи соли 2018 вай албоми дуввуми студиявии "Sabıka Kaydı" -ро пешкаши мухлисонаш намуд. Дар ҳамон рӯз, клипи асосии албум «Ben Tek Siz Hepiniz» сабт шуд, моҳи феврали соли 2019, Ирам даҳум такоҳанги худ "Meftun" -ро баровард[13]. 31 майи соли 2019 вай албоми "Mest Of" -ро пахш намуд, ки дар он 8 суруди туркӣ дар солҳои 90 машҳур ҷой дода шуда буд. Ба гуфтаи Майк Шишман аз «Milliyet», ин албом "идеяи муваффақ" аст ва қисми беҳтарини он "Bende Hüküm Sür" мебошад[14].

Ҳаёти шахсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 13 сентябри 2014 то 22 марти 2016, Дариҷӣ бо бастакои Ризо Эсенамир дар издивоҷ буд[15][16]. Аз 11 июл то 21 сентябри 2016, ӯ ба ҳайси довар дар мавсими дуюми озмуни сурудхонии Rising Star Türkiye фаъолият кардааст.

Дискография

[вироиш | вироиши манбаъ]

Албумҳои студиёӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Сол Албум Фурӯш ва сертификатҳо
2016 Dantel[17]
  • Нашр: 12 феврали 2016
  • Формат: MC, CD, зеркашии рақамӣ
2018 Sabıka Kaydı
  • Нашр: 10 августи 2018
  • Формат: MC, CD, зеркашии рақамӣ

Албумҳои ковер

[вироиш | вироиши манбаъ]
Сол Албум Фурӯш ва сертификатҳо
2019 Mest Of
  • Нашр: 31 майи 2019
  • Формат: MC, CD, зеркашии рақамӣ

Албомҳои тартибӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Феҳристи албумҳо
Сол Албум
2015 Tüm Şarkıları
  • Нашр: 14 августи 2015
  • Формат: MC, CD, зеркашии рақамӣ
Феҳристи албумҳо
Сол Албум
2013 İki
  • Нашр: 18 сентябри 2013
  • Формат: MC, CD, зеркашии рақамӣ
2014 Üç
  • Нашр: 24 июни 2014
  • Формат: MC, CD, зеркашии рақамӣ
2015 Değmezsin Ağlamaya
  • Нашр: 24 марти 2015
  • Формат: MC, CD, зеркашии рақамӣ
Феҳристи сурудҳо
Сол Номгӯй
2012 "Bensiz Yapamazsın"
  • Нашр: 9 ноябри 2012
  • Формат: CD, зеркашии рақамӣ
2013 "Düşler Ülkesinin Gelgit Akıllısı"
  • Нашр: 31 майи 2013
  • Формат: CD, зеркашии рақамӣ
2014 "Neredesin Sen"
  • Нашр: 10 феврали 2014
  • Формат: зеркашии рақамӣ
"Kalbimin Tek Sahibine"
  • Нашр: 24 апрели 2014
  • Формат: CD, зеркашии рақамӣ
2015 "Aşk Eşittir Biz"
  • Нашр: 9 сентябри 2015
  • Формат: CD, зеркашии рақамӣ
2016 "Bambaşka Biri"
  • Нашр: 3 июни 2016
  • Формат: зеркашии рақамӣ
2017 "Tektaş"
  • Нашр: 21 апрели 2017
  • Формат: CD, зеркашии рақамӣ
"Sevimli"
  • Нашр: 10 августи 2017
  • Формат: CD, зеркашии рақамӣ
"Bazı Aşklar Yarım Kalmalı"
  • Нашр: 3 ноябри 2017
  • Формат: CD, зеркашии рақамӣ
2018 "Hadi Gel"
  • Нашр: 14 феврали 2018
  • Формат: CD, зеркашии рақамӣ
2019 "Meftun"
  • Наҳр: 26 феврали 2019
  • Формат: CD, зеркашии рақамӣ
2020 "Dudak Payı"
  • Нашр: 17 апрели 2020
  • Формат: CD, зеркашии рақамӣ

Корҳои дигар

[вироиш | вироиши манбаъ]
Феҳристи сурудҳо, соли сабт ва номи албомҳо
Сол Сол Албум
"Nereden Bilecekmiş"
(бо Эмраҳ Қарадуман)
2015 Toz Duman
"Gir Kanıma"
(бо Ҳорун Колчак)
2016 Çeyrek Asır
"Kıymetlim"
(бо Мустафо Ҷеҷелӣ)
2017 Zincirimi Kırdı Aşk
"Bir Tanedir"
(бо Синон Акчил, Мири Юсуф, ва Синон Ҷеҷелӣ)
Söyle
"Kendine Gel"
(бо Ёнҷа Эвҷимик ва Гӯкча)
Kendine Gel
"Sana İhtiyacım Var"
(бо What Da Funk)
WDF1
"Cahil Cesareti"
(бо Каан Карамая)
2018 Cahil Cesareti
"Bin Dereden" бо шарикии Йилдиз Тилба
"Fırtınalar" 2019 Aşkın'ın Şarkıları
"Çok Sevmek Yasaklanmalı"
(бо Мустафо Ҷеҷелӣ ва Синон Акчил)
2020 Piyanist
"Teşekkürler"
(бо Синон Акчил)
Синамо
  • Bekâr Bekir (2017)
Силсилафилм
  • O Ses Türkiye (2011) – Худаш
  • İşte Benim Stilim (2016) – Худаш
  • Jet Sosyete (2018) – Худаш[18]
  • Kalk Gidelim (2019) – Худаш
  • Menajerimi Ara (2020-2021) – Худаш
  1. İrem Derici'den doğum günü mesajı (21 March 2016). Бойгонӣ шудааст 19 феврали 2017  сол.
  2. Biyografi | İrem Derici. iremderici.com. 2 Январ 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 октябри 2016.
  3. İrem Derici kimdir? (23 March 2016). Бойгонӣ шудааст 5 июли 2016  сол. Проверено 14 апрели 2016.
  4. İrem Derici'den tıklanma rekoru (17 January 2015). Проверено 1 сентябри 2017.
  5. @MusicTopTR on Twitter. Twitter (20 February 2015). 10 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 марти 2016.
  6. İrem Derici'nin Yeni Maxi Single'ı Üç Çıktı!. Powertürk TV (17 June 2014). 14 апрели 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 июли 2014.
  7. MusicTopTR Resmi Listesinde 2016 1. haftanın ikincisi... AŞK EŞİTTİR BİZ. Twitter (8 January 2016). 8 Январ 2016 санҷида шуд.
  8. «Dantel» on Turkey’s official music chart:
  9. '7 Şubat Kıymetlim' müjdesi (25 January 2017). 5 июли 2019 санҷида шуд.
  10. Yonca’nın melekleri. CNN Türk (25 July 2017). 5 июли 2019 санҷида шуд.
  11. @MusicTopTR on Twitter. Twitter (5 May 2017). 5 май 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 май 2017.
  12. MusicTopTR Resmi Listesinde 2018 1. haftanın üçüncüsü... BAZI AŞKLAR YARIM KALMALI. Twitter (5 January 2018). 18 июни 2019 санҷида шуд.
  13. İrem Derici'nin yeni albümü 'Mest Of' raflardaki yerini aldı (31 May 2019). 4 июли 2019 санҷида шуд.
  14. Şişman, Mayk. İrem Derici'nin 'Mest Of' albümünün yıldızı: 'Bende Hüküm Sür' (10 June 2019). Проверено 4 июли 2019.
  15. İrem Derici evlendi (14 September 2014). Бойгонӣ шудааст 15 апрели 2016  сол. Проверено 18 октябри 2014.
  16. İrem Derici ile Rıza Esendemir tek celsede boşandı (23 March 2016). Бойгонӣ шудааст 29 июни 2016  сол. Проверено 23 марти 2016.
  17. Şubatta ‘Dantel’ albümünü piyasaya çıkaracak olan İrem Derici reklam mı yapıyor?. beserhaber.com (21 January 2016). 21 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 Январ 2016.
  18. İrem Derici Jet Sosyete'ye konuk oldu. NTV (22 March 2018). 5 июли 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 ноябри 2020.