Jump to content

Фортепиано

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Фортепиано — сози мусиқии торӣ – клавишиест аз оилаи роял ва пианино. Дар тафовут аз клавесин ва клавикорд дар Фортепиано имкони бо тадриҷ аз piano ба forte ва аз forte ба piano гузаштанро дорад (номаш аз ин ҷост); аммо дар муқоиса бо онҳо фортепиано – сози хеле садоноктар (баландсадо) аст. Интиқоли қувваи ангуштон ба воситаи кӯбакҳо ба механизми фортепиано мегузарад. Механизми педали рост ҳама демпферҳоро (асбоби рафъи ларзиш) мебардорад, дар натиҷаи ин резонансбарории торҳо мумкин ва садодиҳӣ бой мегардад; бо зер намудани педали чапи роял, ҳама механика ба ҳамдигар ҷафс мегардад ва ҳаҷми торҳо дар хор кадоме ба кӯбакҳо зарба мезананд, ба як воҳид кам мешавад; дар ин ҳолат садодиҳӣ мулоим ва пасттар мегардад. Ҳама торҳои фортепиано филизӣ буда (басҳо бо сими миссин печонда шудаанд), дар рӯи косаи резонансӣ маҳкам карда шудаанд. Диапазони фортепианои ҳозира зиёда аз 7 октаваро фаро мегирад, баъзан – 8.

Фортепиано дар аввали а. XVII қариб, ки дар як вақт аз тарафи устоҳо Б. Кристофор (Италия), Ж. Мариус (Франсия) ва К.Ғ Шрётер (Олмон) ихтироъ шудааст. Дар чоряки якуми а. XIX устои парижӣ С. Эрар механикаеро бо номи «машқи дутагӣ» ихритоъ кард, ки навозанда ангуштонашро аз клавиш қариб набардошта, имконияти такрори тези ҳамон як садоро дорад. Ҳанӯз дар замони Бетховен бо пайдо шудани рамаи мустаҳками чӯянӣ, дар таҷрибаи консертӣ фортепиано сози пешбар гардида буд. Навъҳои асосии фортепиано – роял ва пианино то имрӯз устувор ва паҳн гардиданд. Асарҳои аввалинро барои фортепиано композиторон Й. Ҳайдн, В.А. Мотсарт, Л. Бетҳовен ва баъзе ҳамасрони онҳо эҷод намудаанд. Консертҳои барои фортепиано навиштаи Л. Бетҳовен, Р. Шуман, Ф. Шопен, Ф. Лист, И. Брамс, Э. Григ, П. Чайковский, С. Рахманинов, С. Прокофев, Б. Барток, ва ғ. намунаи аз консертҳои беҳтарин барои ин соз ҳисобида мешаванд. Таърихи иҷрокунандагӣ зумраи зиёди арбобони виртуози барҷастаро ба миён овард, ки ба қуллаи баланди пианизм (санъати пианинонавозӣ) комёб гаштанд: Ф. Лист, А. Рубинштейн, Ф. Бузонӣ, С. Рахманинов, И. Гофман, В. Софрониский ва ғ. аз ҷумлаи онҳоянд. Солҳои баъдина номи С. Рихтер, Э. Гилелс, В. Горовитса, А. Микеланжели, Рубинштейн, В. Клиберн ва диг. дар дунё машҳур шудаанд.

Асарҳои композиторони Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Композиторони тоҷик барои фортепиано асарҳои зиёд дар жанрҳои гуногун офаридаанд, ки Консерт барои фортепиано бо оркестри симфонии Миратулло Атоев, Фантазия барои фортепиано ва оркестри камеравии Шуҳрат Ашуров, «Сюитаи ҳиндӣ» барои ду фортепиано ва «Токката» барои ду фортепиано ва оркестри симфонии Фирӯз Баҳор, Консерти №1 барои фортепиано ва оркестри симфонии Алишер Латифзода, Консерт-симфония барои фортепиано бо оркестри симфонӣ ва Соната-баллада барои фортепианои Б. Пиговат, Консерт барои фортепиано бо оркестри симфонии Ёқуб Сабзанов, Консерт – коллаж барои фортепиано бо оркестр симфонии Лола Толис, се консерт барои фортепиано ва оркестри симфонӣ ва ду соната барои фортепианои Толиб Шаҳидӣ, «Сюитаи рақсӣ» барои ду фортепианои Сулаймон Юдаков, Консерт барои фортепиано ва оркестри симфонии А. Яковлев ва ғ. мисол шуда метавонанд. Ғайр аз ин композиторони тоҷик боз садҳо пиесаи хурду калон барои ин сози нодир эҷод намудаанд. Пианинонавозони шинохтаи тоҷик: Гулчеҳра Иноятова, Дилбар Ҳакимова, Нигина Обидова, Дилбар Валаматзода, Рухшона Муборакшоева, Зулфия Халилова, Нодира Бурҳонова, Парвина Собирова, Мардон Шарипов, Рафиқа Сангинова, Виктория Латипова, Парасту Саодатова дар ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият доранд.[1]

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]


  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.418-420. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)