Иртиботи иттилоот
Зоҳир
Иртиботи иттилоот – навъи нисбатан рушдёфтаи муошират, ки иттилооти нави барои иттилоотдиҳанда ва истеъмолгар аҳамиятнокро фаро мегирад. Амалӣ гардидани чунин иртибот бидуни воситаҳо маъно надорад. Зери «воситаҳо) маҷмӯи омилҳои моддӣ, техникӣ, ташкилӣ ва эҷодие фаҳмида мешавад, ки барои муоширати инсонҳо бо роҳи чопи маводи нашриявӣ, пахши барномаҳои радиоиву телевизионӣ, гардиши кинофилмҳо,ташкили фаъолиятҳои театрӣ, мусиқавӣ, эстрадӣ, лексияхонӣ ва ғайра имкон медиҳанд. Вақте ки се аломат (навъи муошират, доманаи аудитория, усул ва ё воситаи муошират) ба ҳам алоқаманд мешаванд, мафҳуми маҷмӯавии «воситаҳои иртиботи омма» ва ё «воситаҳои ахбори омма» ба вуҷуд меояд.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С.106. ISBN 978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |