Исаак Нютон
Isaac Newton | |
Таърихи таваллуд | 25.12.1642 |
Зодгоҳ | Подшоҳии Муттаҳида, |
Таърихи даргузашт | 20.03.1726 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | Подшоҳии Муттаҳида |
Фазои илмӣ | риёзиёт, физика, ситрашиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи Кембриҷ, Британиёи Кабир |
Шогирдон | Roger Cotes[d][2], John Flamsteed[d][2] ва William Whiston[d][2] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Исаак Нютон (англисӣ: Sir Isaac Newton) — риёзидон, физикдон, файласуф, сиёсатмадор, профессори донишгоҳ, ситорашиноси бузурги инглис.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Исаак Нютон 15(25) декабри соли 1642 дар деҳаи Вулсторпи Линколншир Британиёи Кабир чашм ба дунёи рӯшан кушод. Оилаи Нютонҳо аз ҷумлаи фермерҳои миёнаҳол ба ҳисоб мерафт. Падараш то таваллуди ӯ аз ҷаҳони фонӣ рахти сафар баста буд. Модари Нютон аз вафоти шавҳар бисёр ғусса хӯрду пеш аз муҳлат Исаакро ба дунё овард, ки бисёр ҳам майдаҳаку логараку бемадор буд. Гумон доштанд, ки тифл оянда надорад. Аммо ӯ на танҳо зинда монд, балки то пирӣ зист ва дар тӯли умри бардавоми худ танҳо як маротиба ҷиддӣ бемор шуду халос. Вай аз ҳамсолонаш бо ҷисми солим фарқ мекард. Се соли аввал Исаак аз домани модар дур нарафт. Баъди он ки модар бори дуюм ба рӯҳонӣ Смит ба шавҳар баромад, тарбияи кӯдакро модаркалон ба зимма гирифт. Исаак аз хурдӣ ба бозичасозӣ ва сураткашӣ завқ дошт, дар танҳоӣ, дуртар аз ҳамсолон бодпарак, осиёби бодӣ, соатҳои обӣ ва аробачаҳои педалдор месохт.
Вақте ки Исаак калонтар шуд, ба мактаби ибтидой ба хондан рафт. Пас аз 12- солагӣ таҳсилро дар мактаби Грантем идома бахшид. Исаак махсусан ба омӯзиши фанни математика шавқи беандоза дошт. 5 июни соли 1660 Нютон донишҷӯи донишгоҳи Кембриҷ шуд. Аз матнҳои сабтгаштаи ҳуҷҷатҳои соли 1661-и донишгоҳ маълум мешавад, ки ӯ аввалҳо « субсайзер» будааст. Он солҳо донишҷӯёни қашшоқро, ки музди таҳсилро пардохта наметавонистанд ва ҳам хидмати донишҷӯёни сарватмандро иҷро мекарданд, «субсайзер» меномиданд. Нютон танҳо соли 1664 донишҷӯи ҳақиқӣ шуд ва соли 1665 унвони бакалаври саноеи нафисаро мушарраф гашт. Вале нахустин таҷрибаҳои илмиаш ба таҳқиқи рӯшноӣ алоқаманд буданд.
Соли 1666 дар Кембриҷ беморие cap зад ва онро вабо пиндошта бисёриҳо аз шаҳр фирор карданд. Нютон ҳам ба Вулсторпи дилписандаш баргашт ва кунҷи узлат ихтиёр намуд. Гоҳо дар боги хилват танҳо қадам мезад, бе китоб, бе асбобҳои таҷрибавӣ буду ин ҷавони 24 — сола соатҳо чун файласуфи солхӯрда ба баҳри андеша фурӯ мерафт. Ва андешаҳои ӯ самари шигифтангез ба бор оварданд. Вай қонуни ҷозибаи ҷаҳониро кашф кард. Рӯзе аз рӯзҳои тобистон Нютон зери дарахти себ нишаста аз ҳавои серуни боғ лаззат бурда, ғарқи хаёл буд, ки ногоҳ себи пухтае аз шох ба замин афтода, риштаи андешаҳояшро барканд. Дар ривояте омада, ки себ ба фарқи сари олим бармехӯрад ва боиси кашфи қонуни ҷозибаи ҷаҳонӣ мегардад.
Ин дарахтро, ки баъди чанд вақт шуҳратёр гашт, солҳои зиёд барои ояндагон нигоҳ доштанд. Чун хушк шуд, аз он хараке сохта дар бог гузоштанд. Дар воқеъ кайҳо боз Нютон оид ба сабабҳои афтодани ҷисмҳо андеша меронд ва эҳтимол канда шуда ба сараш бархӯрдани себ якбора фикри ӯро рӯшан карда бошад. Аммо чанд сол баъдтар Нютон навишта буд, ки формулаи математикии қонуни ҷозибаи ҷаҳонро вай баъди омӯхтани қонунҳои оламшумули Кеплер эҷод намудааст. Соли 1669 Ниютон профессори донишггоҳ буду сарварии кафедраи математикаро ба душ дошт. Барои донишомӯзон лексия мехонд ва ҳам бо корҳои илмй шугл меварзид. Соли 1670 телескопи мувофиқтаре сохт барои мушоҳидаи ситораҳову сайёраҳо. Ҳамон сол ба узвияти Ҷамъияти подшоҳии Лондон пазируфта шуд. Соли 1673 оид ба парокандашавии шуоъ бо номи «Назарияи нави рӯшноӣ ва ранг» рисолаи илмие навишт, ки дар ин соҳа инқилоби илмиро ба вуҷуд овард. Минбаъд асарҳояш «Оптика» ва «Асосҳои математикии философияи натуралӣ» ба нашр расиданд. Вай нуқтаи назари олимони барҷаста Галилео Галилей, Иоган Кеплер ва дигаронро таквият бахшида, боз се қонуни ҳаракатро кашф намуда, дар илм гулгула барандохт.
Соли 1688 Ниютон узви порлумон интихоб шуд. Баъди як сол ба сараш бадбахтӣ омад. Модараш аз бемории домана фавтид. Марги модар ба тафаккури олими барҷаста мисли зарбаи мудҳиши путк таъсири манфй гузошт. Дигар ӯ наметавонист дархусуси мавзӯе чукур андеша ронад. Як пардаи тирае ақли варо печонида буду имкони парвози андеша намедод. Солҳои 1690—1693 басо рӯҳшикаста буд. Боз дар ривояте омадааст, ки Нютон пас аз сӯхтори хонааш, ки дар ин ҳодиса дастнависҳояш оид ба оптикаю механика ба коми оташ рафтанд, ба бемории рӯҳӣ гирифтор гашт.
Ниютон он солҳо олими оламшумул бошад ҳам, зиндагии миёнаҳолонае дошт. Маблағҳояшро ба тадқиқоти илмӣ сарф мекард. "Тангдастӣ,- навиштааст таърихдон В. И. Григорев, бешубҳа, яке аз сабабҳои бемории рӯҳии Ниютон буд. Аз ин рӯ вай мехост ба вазифаи нозири сиккахона таъйин шавад ва ҳам профессори донишгоҳ бимонад. Ӯ нозир шуд ва ба иҷрои вазифа аз таҳти дил камар бает ва соли 1699 директор таъйин гашт. Пас аз ин вай соли 1703 ба Лондон кӯч баст. Охири ҳамон сол президенти Ҷамъияти подшоҳии Лондон интихоб шуд. Шӯҳраташ ба авҷи аъло расид. Аммо чун пештара танҳо буд, новобаста аз хонаи боҳашамату шаш хидматгузор. Дар зиндагӣ Нютон шахси хеле фурӯтану хоксоре буд. «Ман барои он дар қуллаи илм истодаам, ки гузаштагонамон чунин имконият фароҳам овардаанд»,- гуфта буд ӯ. Аз соли 1725 Нютон аз хидмат даст кашид.20 марти соли 1726 ором ин дунёи фониро падруд гуфт. Рӯзи вафоташ мотами миллӣ эълон гашт. Турбаташро дар дайри Вестминстер, дар шафати қабрҳои шахсиятҳои машҳури Ингилистон ба хок супурданд.[3]
Кашфиётҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Физик ва математики бузург Исаак Нютон яке аз олимоне буд, ки қонунҳои зиёдеро кашф кардааст. Ҳарчанд қисми зиёди олимони замон атеист бошанд ҳам, аммо Нютон дар бораи Эзид чунин мегӯяд: «Ҷойгиршавии ҷирмҳои осмонӣ ва нозукии ҳаракати онҳо нишон медиҳад, ки кайҳон аз рӯйи нақша офарида шудааст ва онро зоте идора мекунад. Ин сухани аввалин ва охирини ман аст». Дар коллеҷи Тринити донишгоҳи Кембриҷ зери ҳайкалчаи Нютон сатрҳои зерини шоир ва файласуфи Руми Бостон Лукретсий ҳаккокӣ шудаанд: «Бо ақлу фаросаташ вай пешакӣ банӣ башарро мафтун намуд». Ин суханон шавқу завқи наслҳоро нисбати заковати Нютон равшан баён месозад.
Нютон яке аз асосгузорони физикаи муосир ба шумор меравад. Он корҳоеро, ки то замони ӯ аз Арасту cap карда ба ҷо оварда буданд, ҷамъбаст намуда, вай тавонист таҳкурсии физикаи классики — илмеро гузорад, ки то оғози асри XX назарияи эҳтимолият ва механикаи квантӣ сарҳади он ба ҳисоб мерафтанд. Нютон қонунҳои асосии механикаро аниқу мушаххас баён намуд ба монанди Механикаи Нютонӣ. Вай офарандаи барномаи ягонаи физика оид ба шарҳи ҳамаи ҳодисаҳои табиат дар асоси механика ба ҳисоб меравад. Олим қонуни ҷозибаи ҷаҳониро кашф намуд, ҳаракати сайёраҳоро дар атрофи Офтоб ва Моҳтобро дар гирди Замин, сабаби мадду ҷазрро фаҳмонд. Вай (новобаста аз Г. Лейбнис) ҳисоби дифференсиалӣ ва интегралиро кор карда баромад, аберратсия ва парокандашавии шуоъро кашф намуд, интерференсия ва дифрақсияро таҳқиқ кард, назарияи корпускулярии рӯшноиро такмил дод, телескопи оинагӣ низ ихтирои вай аст. Ба кашфиёти ӯ Замони Нютонӣ низ дохил мешавад.[3]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ньютон Исаак // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1974. — Т. 18 : Никко — Отолиты. — С. 164—166.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
- ↑ 3.0 3.1 Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. — Душанбе, 2010. — С. 141—144