Искандар Сулаймонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Искандар Сулаймонов

Искандар Одинаевич Сулаймонов (тав. 10.10.1961, деҳаи Шӯроби Поёни ноҳияи Ҳисор) - омӯзгор, забоншинос.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1978—1982 дар факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил карда, онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1982—1997 муаллими забон ва адабиёти тоҷик, роҳбари иттиҳодияи методии омӯзгорон, ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявии полиомелит ва фалаҷи бачагонаи ноҳияи Ҳисор буд. Солҳои 1998—2003 ҳамчун ассистенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев кор кардааст. Солҳои 1999—2003 дар аспирантураи донишгоҳи номбурда таҳсил намудааст. Аз соли 2003 муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ ва аз соли 2010 сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Ҳамзамон солҳои 2007—2010 ҳамчун муовини декани факултети филологияи тоҷики донишгоҳи омӯзгорӣ оид ба таълим кор кардааст. Оид ба лексикаи лаҳҷаи кӯҳистони Ҳисор корҳои илмӣ ба анҷом расонидааст. Муаллифи зиёда аз 12 мақолаи илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2009), ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон ва донишгоҳи омӯзгорӣ қадр карда шудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Истилоҳоти боғу токпарварӣ дар лаҳҷаи кӯҳистони Ҳисор // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, № 6, Д., 1999;
  • Вожаҳои ифодагари мафҳуми анвои ангур дар лаҳҷаи кӯҳистони Ҳисор // Абкори маонӣ (маҷмӯаи илмӣ), Д.,2002;
  • Калимаҳои сермаъно дар лаҳҷаи кӯҳистони Ҳисор // Абкори маонӣ (маҷмӯаи илмӣ), Д., 2002;
  • Хусусияти омоморфемавӣ ва синоморфемавии пасванди -ак дар лаҳҷаи кӯҳистони Ҳисор // Сухани сабз (маҷмӯаи илмӣ), Д., 2003;
  • Калимаҳои омонимӣ дар лаҳҷаи кӯҳистони Ҳисор // Сухани сабз (маҷмӯаи илмӣ), Д., 2003;
  • Калимаҳои антонимӣ дар лаҳҷаи кӯҳистони Ҳисор" // Суханпарвар (маҷмӯаи илмӣ), Д., 2005;
  • Истилоҳоти бофандагӣ ва масоили гендер дар лаҳҷаи Каратоғ // Гендер ва ҷомеа, № 2, 2006;
  • Калимаҳои русӣ-аврупоӣ дар лаҳҷаи кӯҳистони Ҳисор // Асрори сухан (Маҷмӯаи илмӣ), Д., 2007;
  • Вожаҳои туркӣ-ӯзбекӣ дар лаҳҷаи кӯҳистони Ҳисор // Асрори сухан (маҷмӯаи илмӣ), Д., 2007;
  • Истилоҳоти соҳаи чорводорӣ дар лаҳҷаи кӯҳистони Ҳисор // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, № 1/35, Д., 2009.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]