Ислоҳи идораи нашрия
Ислоҳи идораи нашрия – қисми таркибии таҳрир, ки аз ҷониби муҳаррир ва ё бо эроди ӯ муаллиф ва ё ҳарду дар якҷоягӣ иҷро мешавад.
Талаботи асосии ислоҳи идораи нашрияро методикаи он муайян мекунад, ки чунин аст: 1) то он даме, ки бо матн пурра шинос нашавӣ, бартарияти умумӣ, махсусият ва камбудиҳои онро маълум насозӣ, вазифаҳои асосии таҳрирро муайян накунӣ ба ислоҳ шурӯъ макун; 2) танҳо баъд аз аниқ ба шакл даровардани сабабҳои ғайриқаноатбхшии матн ва фикр кардани роҳҳои бартараф кардани он ба ислоҳ даст зан; 3) аз доираи дахолати дастрасии муҳарририи матн бояд берун нашуд, яъне танҳо ба матн тағйиротеро бояд ворид кард, ки ба мақсади муаллиф ҷавобгӯянд; 4) то ҳадди имкон ислоҳро бояд маҳдуд кард ва кӯшид, ки аз матни муаллиф дур нашуда, ҳангоми таҳрир воситаҳои услуби баёни муаллифро истифода намуд; 5) ҳар як ислоҳро амиқан бояд санҷид, ки оё калимаву ибораҳои ҳангоми ислоҳ ба матн воридшуда, музмун ва маънои дар назардоштаи муаллифро ифода мекунанд; 6) бо муаллифи асар мувофиқ кунонидани тамоми ислоҳот.
Аз рӯйи методика ислоҳро аз дуруст кардани композитсияи асар шурӯъ менамоянд, зеро ҳангоми бозсозии услубии матн метавонад, ислоҳоти пешина нолозим шаванд. Агар матн ихтисори ҳаҷми муайянро талаб кунад, беҳтар мешавад, ки таҳрирро аз ихтисоркунӣ шурӯъ кунем. Дар ин ҳолат барои порчаи ихтисоршуда вақт ва қувва сарф намекунем. Техникаи ислоҳи нашрия ба якчанд қоидаҳо такя мекунад: 1) калима ва ҳарфҳои ислоҳшавандаро бояд хат зад ва калима ва ҳарфҳои навро на дар болои матн, балки дар миёни сатр навишт; 2) ислоҳотро хоно бояд навишт, хати нохоно кори ҳуруфчинро душвор мегардонад; 3) иловаҳои калонро дар ҳошияҳои саҳифа ва ё дар саҳифаи алоҳида навишта, онро ба саҳифаи асосӣ ширеш бояд кард; 4) ҳангоми хат задани матн калимаи пеш аз онро ба калимаи аввали пас аз он омада бохат (штирх) пайваст бояд кард; 5) дар ислоҳ ҳангоми нишон додани хатоиҳо аломатҳои таҳририро васеъ истифода мебаранд. [1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С.108. ISBN-978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |