Исмоили Маҳмадзоир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Исмоили Маҳмадзоир
Сурат
Таърихи таваллуд 11 июл 1997(1997-07-11) (26 сол)
Пеша корофарин, тоҷир

Исмоил Махмадзоир (тав. 11 июли 1997, Душанбе, Тоҷикистон) — соҳибкори тоҷик. Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон[1][2] (аз ноябри соли 2022), инчунин сарпарасти кулли бошгоҳи футболи «Равшан» ва сарпарасти варзиши кибер-варзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Набераи калонии Президенти кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон .

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Исмоили Маҳмадзоир 11 июли соли 1997 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ писари Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии раисиҷумҳури Тоҷикистон ва домоди нахустинаш Маҳмадзоир Соҳибов аст. Мавсуф фориғуттаҳсили Литсейи президентии шаҳри Душанбе мебошад. Соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз ва соли 2021 донишҷӯи Академияи кишоварзӣ ва идораи давлатии Русия дар назди Президенти Федератсияи Русия дар шаҳри Маскавро бо ихтисоси мудирияти давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кард.

Маснад[вироиш | вироиши манбаъ]

Моҳи ноябри соли 2022 раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон интихоб шуд. [3] ( IJF [2] ). Дар он роҳбарияти Кумитаи миллии олимпӣ, аъзои кумитаи иҷроияи федератсия, мураббиён, доварон ва варзишгарони номдори кишвар иштирок доштанд. Номзадиро хамаи хозирон дастгирӣ карданд. [4] [5]

Муассиси ширкати холдингии "IM GROUP". Холдинги "IM GROUP" аз бузургтарин ширкатҳои хусусии Тоҷикистон аст, ки соли 2016 таъсис ёфтааст. Ширкат сохторҳои гуногунро дар соҳаҳои тиҷорат, сохтмон ва тавлидот дар бар мегирад. «IM GROUP» инчунин ба лоиҳаҳои ояндадоре, ки аз ҷониби соҳибкорони ҷавони кишвар бунёд гардидаанд, сармоягузорӣ мекунад ва бо анъанаҳои дастгирии иҷтимоии сокинони кишвар машҳур аст. Дурнамои ширкат на танҳо ба рушди тиҷорат, балки ба беҳтар кардани вазъи иҷтимоии ҷомеа низ нигаронида шудааст. Ширкати ӯ дар соли 2022 "Сарпарасти платина"-и нахустин Қаҳрамонии веломипедронии Осиё ва паралимпии "Душанбе 2022" гардид. [6]

Исмоили Маҳмадзоир пайваста дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб [7] ро дастгирӣ намуда, ба бошгоҳи варзиши «Ҳоҷӣ Шариф» сарпарастӣ мекунад.[сарчашма оварда нашудааст 489 рӯз]

Умури хайриявӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Исмоили Маҳмадзоир ба рушди варзиш дар Тоҷикистон саҳмгузор буда, баргузории чорабиниҳо, мусобиқаҳои гуногунро сармоягузорӣ ва дастгирӣ мекунад. Ӯ вақти зиёдеро ба корҳои хайрия бахшида, ба маъюбон, занон ва кӯдакони бемор кумак мекунад.

Мукофот[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҷоизаи миллии Топ-50 «Барои саҳм дар рушди ҷомеа» (Тоҷикистон) дар соли 2022. [8]

Қайдҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Исмоил Махмадзоир стал новым президентом Федерации дзюдо Таджикистана(рус.). МИР 24(пайванди дастнорас — таърих). 13 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 Декабри 2022.
  2. 2.0 2.1 His Name Is Ismoil Mahmadzoir(англ.). www.ijf.org(пайванди дастнорас — таърих). 16 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Декабри 2022.
  3. Исмоил Махмадзоир получил высокую должность в Таджикистане(рус.). tj.sputniknews.ru(пайванди дастнорас — таърих). 13 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 Декабри 2022.
  4. Баромади Президенти Ташкилоти ЗЮДОИ ТОЧИКИСТОН Исмоил Мухаммадзохир (ru-RU)(пайванди дастнорас — таърих). 12 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 Декабри 2022.
  5. Старший внук Эмомали Рахмона избран президентом Федерации дзюдо Таджикистана. rus.ozodi.org(пайванди дастнорас — таърих). 12 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 Декабри 2022.
  6. «IM GROUP» поддержала Чемпионат Азии по шоссейному и паралимпийскому велоспорту | Новости Таджикистана ASIA-Plus. www.asiaplustj.info(пайванди дастнорас — таърих). 19 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Декабри 2022.
  7. Исмоили Махмадзоир пришел на помощь кулябскому «Равшану» – SPORTS.tj: Новости спорта в Таджикистане, СНГ и мире(англ.). 12 Декабри 2022 санҷида шуд.
  8. Вечёрка. В Душанбе наградили победителей премии ТОП-50 по версии радио «Ватан» по итогам 2022 года (ru-RU). Вечёрка(пайванди дастнорас — таърих) (13 Декабри 2022). 19 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Декабри 2022.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]