Исмоили Ноӣ
Исмоили Ноӣ | |
Таърихи таваллуд | 1847 |
Зодгоҳ | шаҳри Конибодом |
Пеша(ҳо) | мутриб |
Исмоили Ноӣ (машҳур ба Устод Исмоил, Исмоили Кӯса, с. тав. 1847, ш. Конибодом, с.ваф.ш. Хӯқанд), мутриб (най), намояндаи машҳури ҳавзаи иҷроии Конибодом-Водии Фарғона. Санъати мусиқиро дар зодгоҳаш омӯхта, сипас ба ҳавзаи ҳунарии хонигарии Хӯқанд ворид шуд. Дар найнавозӣ ва иҷрои таснифоти мусиқии мардумӣ ва устодона «Баёт», «Чӯли Ироқ», «Чоргоҳ», «Ушшоқ», «Сувора», «Чапандози Чӯли Ироқ» ва ғ. шуҳратёр гардид. Барои фарогирии мусиқӣ ба кишварҳои Туркия, Эрон, Ёрканд, Ҳиндустон, Афғонистон ва ғ. сафарҳои ҳунарӣ намудааст. Анъанаи иҷроии ӯро писараш Абдуқодири Ноӣ, наберааш Исҳоқ Қодиров идома додаст.
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
Алимбаева К., Ахмедов М. Народные музыканты Узбекистана, Таш., 1959; Ҳакимов Н. «Шашмақом» дар қарни ХХ, Хуҷанд, 2006.[1]
Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 87 ISBN 978-99947-49-13-3
![]() |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |