Исмҳои муайян ва номуайян

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Исм дорои категорияи сарфии муайяниву номуайянӣ мебошад,ки воситаи асосии ифодаи он артикли -е ба шумор меравад: Гурӯҳе мерафтанд, гурӯҳе меомаданд (Икромӣ). Дар ин вазифа калимаи як ҳамчун муродифи артикли -е истифода мешавад, яьне исмҳое, ки бо калимаи як меоянд, на танҳо ягонагии ашё, балки номуайянии онро ҳам ифода мекунанд: Як шаб...Абдусаттор аз ҳавлиаш барои гӯштхарӣ баромад...(Айнӣ). Дар ифодаи номуайянӣ инчунин калимаҳои ягон, ҳеч, кадом истифода мешаванд:Ин тавр бошад, ягон рӯзи таътил ӯро ба ҳуҷраи ман гирифта биёр! Аз рӯзи омадагиаш ҳеч кор накардааст (Икромӣ). Кадом як китоберо ба зери сараш монда хоб кардааст ("Садои Шарқ").

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Исм (дастури забон)

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - 356с.