Исм (дастури забон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Исм - ҳиссаи нутқест, ки номи ашё (санг, об, замин, дарахт, моҳӣ, саг,) ва мафҳумҳои ашёшуда (шӯриш, хониш, некӣ, ақл)-ро ифода менамояд. Исм ба саволҳои чӣ?, чиҳо?, кӣ?, киҳо? ҷавоб мешавад. Исм ба вазифаи ҳамаи аьзои ҷумла меояд. Он дар ҷумла пеш аз ҳама вазифаи мубтадо ва пуркунандаро иҷро мекунад. Исм ба вазифаи пуркунанда асосан бо пешоянду пасоянд меояд. Исм ба вазифаи хабар низ зиёд истифода мешавад. Ҳангоми хабар шуданаш аксар бо бандакҳои хабарӣ ва феълҳои ёридиҳанда сурат мегирад. Муайянкунандаи соҳибӣ ва баёния асосан бо исм ифода мешавад.

Гурӯҳҳои маъноиву грамматикии исм[вироиш]

Исм дар забони тоҷикӣ ба гурӯҳҳои маъноиву грамматикии зерин ҷудо мешавад:

1.Исмҳои шахс ва ғайришахс

2.Исмҳои ҷинс ва хос

3.Исмҳои ҷомеъ

4.Исмҳои воқеӣ ва мафҳум

5.Исмҳои ҷондор ва беҷон

5.Исмҳои муайян ва номуайян

6.Исмҳои танҳо ва ҷамъ

Калимасозии исм[вироиш]

Исмҳо аз ҷиҳати таркиби сарфиашон исмҳои сода, исмҳои сохта, исмҳои мураккаб ва исмҳои омехта мешаванд.

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.Душанбе:Дониш.-1985,356с.