Исмҳои танҳо ва ҷамъ
Зоҳир
Исмҳои танҳо ва ҷамъ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аломати грамматикии шумораи ҷамъи исм пасвандҳои ҷамъбандии тоҷикии -ҳо, -он ( -ён, -гон, -вон ) ба шумор мераванд : духтарҳо, хонаҳо, падарон, нависандагон, бонувон ва ғ. Инчунин шакли солими ҷамъи арабӣ, ки ба забони тоҷикӣ дохил шудааст, ба воситаи пасвандҳои -от, -ин ва шакли ҷамъи шикаста бо ёрии флексияи дохилӣ ба амал меояд: деҳот , сабзавот , навиштаҷот , муаллимин,ашхос (шахсҳо), атроф (тарафҳо), атфол (тифлҳо), ҳаводис (ҳодисаҳо) ва ғ.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - 356с.