Jump to content

Исмҳои шахс ва ғайришахс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Исмҳои шахс ва ғайришахс аз ҷиҳати маъно, қабули шаклҳои грамматикӣ, калимасозӣ ва мувофиқати хабар бо онҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Дар забони тоҷикӣ танҳо исмҳои шахс ба саволҳои кӣ?, киҳо? дигар ҳамаи исмҳо ба саволҳои чӣ?, чиҳо? ҷавоб мешаванд. Хабар бо исмҳои шахс, ки мубтадо шуда омадаанд, одатан мувофиқат мекунад. Агар исм дар шакли танҳо ояд, хабар низ дар шакли танҳо меояд, агар исм дар шакли ҷамъ бошад, хабар ҳам дар шакли ҷамъ воқеъ мешавад. Вале ин қоида ҳангоми мубтадо шуда омадани исмҳои ғайришахс пурра риоя намешавад, зеро бо исмҳои ҷамъи ғайришахс дар шакли танҳо омадани хабар низ дида мешавад:Шохҳои дарахтон меҷунбид (Айнӣ). Дар шароити алоҳидаи нутқ - ҳангоми бо эҳтиром ном бурдани шахс исм шаклан танҳо бошад ҳам, хабар дар шакли ҷамь меояд:Устод шахси бузург буданд. Он кас ҳеч гоҳ бе далелу бурҳон гап намезаданд (Ҷалол Икромӣ).

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - 356с.