Исо Абдурашидов
| |
Таърихи таваллуд: | 15 март 1947 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб |
Таърихи даргузашт | 15 декабр 2018 (71 сол) |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпешаи театр ва синамо |
IMDb: | ID 0008319 |
Исо Абдурашидов (15 марти 1947, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб — 15 декабри 2018) — актёри театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе (1972). Актёр (1972 — 89) ва директори (1989—2008) Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ. Аз соли 2008 ҳунарпешаи ҳамин театр ва ҳамзамон муаллими калони ДДСТ ба номи М. Турсунзода.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Исо Абдурашидов дар саҳнаи театр ва кино зиёда аз 50 рол офаридааст. Ёдгор («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Ҷунайд ва Саҳл ибни Мансур («Рӯдакӣ»-и Ғ. Абдулло), Қиёмиддин мударрис («Алломаи Адҳам»-и С. Улуғзода), Шпигелберг («Роҳзанҳо»-и Ф. Шиллер), Эдмунд («Шоҳ Лир»-и У. Шекспир), майор Собиров («Нахҳои печида»-и М. Холов), Муборакхон («Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло), домулло («Чорсӯ»-и Н. Табаров), Сталин («Драмаи миллат» ва «Ориёиро ёбед»-и СОЛИ Аюбӣ), гунг («Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н. Абдуллоев), Рустам («Зуҳури навини Суҳроб»-и Ф. Умаров), Исмоили Сомонӣ (намоиши оммавии театрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба муносибати 5-солагии истиқлоли Тоҷикистон) ва ғайра намунае аз ролҳои офаридаи Абдурашидов дар саҳнаи театр мебошанд.
Синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]Исо Абдурашидов дар кинои тоҷик низ ролҳои ҷолиб офаридааст:
- Азизбек («Воқеа дар аэропорт», реж. Ю. Юсупов),
- лейтенанти калон («Қапқон барои шағолҳо», режиссёр Маҳмудов),
- Саид оҳангар («Дарди ишқ»-и режиссёр АСРИ Тӯраев),
- Абдураҳмонов («Маънии ҳаёт», «Ӯзбекфилм») ва ғайра.
Ба шаҳри Москва (1997), ҶИЭ (1999), шаҳри Бишкек (2004, 2005), Осетияи Шимолӣ (2001) сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Узви Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Исо Абдурашидов шоми 15 декабр 2018 бар асари беморӣ дар синни 71 солагӣ аз олам даргузашт.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ "Сталини тоҷик". Ҳунарпешаи шинохта Исо Абдурашидов даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 16 Декабри 2018 санҷида шуд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдурашидов Исо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.