Jump to content

Иссиқкӯл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иссиқкӯл [Issiqkul] — номи кӯл дар ҳудуди ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, ин кӯлро дар гузашта Хузар ва Тангиҳарам мегуфтанд. Номи аслии ин кӯл Гармоб аст, ки барои бо об таъмин намудани чорво аз он истифода мебаранд. Иссиқкӯл гунаи туркии ин калима мебошад. Кашаф [Kašaf] чун номи гидроним дар осори хаттӣ ҳам номи тағйирёфтаи Кешрӯд ва ҳам номи кӯл зикр гардидааст. Аз ҷумла дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар ҳамин маврид корбаст гардидааст:

Чунон аждаҳо, к-ӯ зи рӯди Кашаф,
Бирун омаду кард гетӣ чу каф. [269,68]

Аз рӯйи сохт ин калима дар шакли сода омадааст, вале дар гузашта дар шакли мураккаб — Каш — аф > Каш — об шояд арзи ҳастӣ карда бошад. Имрӯз чун ҳавзи калон дар Шаҳрисабз мебошад ва барои аз ҳавзҳои дигар нисбатан калон будан ин номро гузоштаанд.[1]

  1. Ҳомидов Д. Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 126. — 470 с.(тоҷ.)