Jump to content

Истадой Мамадҷонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Истад Мамадҷонова
Истатой Мамадҷонова
Таърихи таваллуд: 21 феврал 1953(1953-02-21)
Зодгоҳ: Конибодом, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 8 август 2021(2021-08-08)
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпешаи театр
Солҳои фаъолият 1969-2021
Театр Театри давлатии драма ва мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозилова

Истадой Муҳаммадҷонова (21 феврали 1953, Конибодом — 8 августи 2021) — ҳунарпешаи театр, овозхони тоҷик. Хунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1987).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи ҳунарманд, духтари ҳунарманд Мухаммадчон Мавлонов. Мактаби миёаи раками 4 ва Институти омузкории шаҳри Ленинобод гоибона хатм намудааст(1969). Фаъолияти кориаш соли 1969 дар театри мусиқӣ драмавии шаҳри Конибодом огоз ёфт. Накшаҳои офарида ва сурудҳои дилангезаш ба кабли мухлисонаш зуд рох ёфтаанд. Тулии фаъолият беш аз 50 нақш офаридааст. Накшаҳои Норгул(аз спектакли «Ошуби рӯзгор»-и А Сидки), Рисолатпари (аз «Тошболтаи ошик»-и Х Гулом), муаллима Шахноза (аз «Муаллим»-и Ашуркулов), Зарина (аз «Зафар ва Заррина»-и Сю Саидмуродов), Нурхон (аз «Нурхон»-и К. Яшин) ва дигар нақшахоро басо чолиби табии бозидааст. У дар дар саҳна хам нақш меофарид хам суруд мехонд. Дар чодаи овозхони низ ба комёбиҳои назаррас соҳиб шудааст. Хусусан сурудҳои классики дар ичрои ӯ хеле форам садо медихад. Барои хидматҳояш бо ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва нишони «Аълочии Фарханги Тоҷикистон» такдир шудааст.

Нақшҳои театрӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ дар умум беш аз 50 нақш офаридааст.

  • Намоиш :«Нурхон»; нақши Нурхон
  • Намоиш : «Тошболтаи ошиқ»; нақши Рисолатпарӣ
  • Намоиш :«Зафар ва Заррина»; нақши Зарина
  • Намоиш :«Модар -Ватан»; нақши Модар
  • Намоиш :«Ваҳваҳабонувон»; нақши Сардори Ваҳваҳабонувон
  • Намоиш :«Модар ман зан мегирам»; нақши Санавбар[1]

Истадой Мамадҷонова 8 августи соли 2021, дар синни 68 солагӣ аз олам даргузаштааст.[2]