Jump to content

Иттилооти журналистӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Иттилооти журналистӣ – объекти фаъолияти журналистон, ки ҷамъоварӣ, коркард ва пахши ахбори ифодакунандаи манфиатҳои иҷтимоӣ ва ҳодисаҳои муҳимро фаро мегирад. Иттилооти журналистӣ хусусиятҳои фарқкунандаи худро дорад. Дар аввал, вай чун қоида навгонӣ аст. Барои журналист ҷустуҷӯи навгонӣ аз тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ – сиёсат, иқтисодиёт, илм, фарҳанг, варзиш вазифаи асосӣ аст. Дуюм, иттилооти журналистӣ бояд асил бошад. Вақте матбуот, радио ва ё телевизион дар давоми рӯз як чизро пахш мекунад, завқи аудитория ба иттилоот ва сарчашмаи он кам мешавад. Сеюм, иттилооти журналистӣ бояд фоиданок бошад.[1]

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 114. ISBN 978-999-47-43-37-7