Иттилооти махфӣ
Зоҳир
Иттилооти махфӣ – маълумоти ғайрирасмии аз ҷониби манбаи боэътимод тасдиқнашуда. Ҳолатҳое мешавад, ки рӯзноманигор сарчашмаи иттилооти махфиро медонад, аммо бо сабабҳои гуногун: бо шарофати дӯстӣ, шиносоӣ, дастрасии иттилоот аз шахси машҳур, харидани иттилоот аз нафари бохабар бо шарти дуҷониба ва амсоли ин наметавонад онро ошкор кунад. Иттилооти дастрасиаш барои журналистон маҳдуд. Чунин иттилоотро шартан ба се категория ҷудо мекунанд: 1) маҳдудияти озодии иттилооте, ки раванди амалии демократикунониро таъмин мекунад; 2) маҳдудияти озодии иттилооти таъминкунандаи фаъолияти муътадили сохторҳои тиҷоратӣ; 3) маҳдудияти озодии иттилооте, ки ба ҳимояи ҳуқуқи шахс равона шудааст (ниг. Иттилооти дастрасиаш маҳдуд).[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 115. ISBN 978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |