Ишорагар (абзор)
Зоҳир
Ишорагар (форсӣ: اشارهگر), гно́мон (юн.-қад. γνώμων — нишондиҳанда) — абзории қадимии ахтаршиносӣ, ки аз милаи амудии дар пояи уфуқӣ ҷойгиршуда иборат аст.
Аз рӯи дарозӣ ва самти сояи мила баландӣ ва азимути Офтобро муайян кардан мумкин аст. Сояи аз ҳама кӯтоҳтарини мила дар давоми шабонарӯз самти хатти нисфирӯзиро нишон медиҳад. Дар замонҳои қадим бо ёрии Ишорагар тамоюли эклиптикаро нисбат ба экватор ва арзи ҷуғрофии маҳал муайян мекарданд. Тахмин меравад, ки ишорагарро файласуф ва ситорашиноси Юнони Қадим Анаксимандри Милетӣ кашф кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гномон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.