Ишқии Хуфӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ишқии Хуфӣ

Ишқии Хуфӣ (форсӣ: عشقی خوفی‎; ? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ишқии Хуфӣ дар замони ҳукмронии Акбаршоҳ ба Ҳиндустон сафар кардааст. Аз ӯ девоне иборат аз 1500 байт боқист, ки дар Китобхонаи Остони Қудси Машҳад маҳфуз аст. Ишқии Хуфӣ асосан ғазалу қасида эҷод мекардааст. Як қисми рубоиёти ӯ шаҳрошӯбҳоеанд, ки дар васфи тоифаи ҳунармандон — косибону барзгарон суруда шудаанд: Масалан:

Заргар бути ман, ки дил навозад моро,
Ранҷури фироқи хеш созад моро,
То рӯй ба сони зар бисозад моро,
Дар бутаи ишқ мегудозад моро.

Он шӯхи мусаввир, ки саросар ҷон аст,
Ширинқаламу нодираи даврон аст,
Дар нақшу нигораш мутафаккир монӣ,
Дар сурати ӯ сурати Чин ҳайрон аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]