Иқлими Душанбе
Иқлими Душанбе — ҳавои гарму хушки тобистон ва зимистони нарму ноустувор.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба пойтахти Тоҷикистон хусусиятҳои иқлими шаҳрҳои ҷанубӣ хос аст: ҳавои гарму хушки тобистон ва зимистони нарму ноустувор. Хусусияти муҳимми иқлими шаҳри Душанбе офтобрӯя будани он аст (дар як сол то 2690 соат). Тӯли рӯз аз 15 соат (дар моҳи июл) то 9,5 соат (дар моҳи декабр) аст.
Дамо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дамои миёнаи солонаи ҳаво 14,1°С-ро ташкил медиҳад. Январ моҳи аз ҳама сард ба ҳисоб меравад. Дамои миёнаи ҳаво дар моҳҳои зимистон 2-4°С аст. Дар ин давра асосан ҳавои абрнок ва боронӣ ба назар мерасад, ки ба фаъолияти сиклонҳо вобастагӣ дорад. Омадани ҳавои хунук боиси барфу борон ва то 8-10°С сард гаштани ҳаво хоҳад шуд. Ҳангоми воридшавии ҳавои арктикӣ (дар Сибир, шимолу шарқ, ноҳияҳои марказии қисмати аврупоӣ ва шимоли Қазоқистон ташаккул меёбад) дар Душанбе ҳаво якбора хунук гашта, шамолҳои сахт (15-18 м/сония) мевазад ва барф меборад. Дар мавриди аз шамоли хунук пештар ворид шудани яке аз сиклонҳои ҷанубӣ барфи зиёд меборад. Дар ин вақт дар ноҳияҳои Тоҷикистон табдилёбии якбораи се массаи ҳаво — тропикӣ, қутбӣ ва арктикӣ сурат мегирад. Ин гуна ҳолатҳо зуд аз худ дарак медиҳанд, масалан, дар шаборӯзи дуввуми баъди воридшавии ҳавои арктикӣ дар пойтахт ҳаво софи сард хоҳад шуд. Ҳарорати ҳадди ақал аз ҳисоби сардии шаб метавонад то ба 17-20°С расад. Рӯзона дамои ҳаво + 7-10°С аст. Дар зимистонҳои гарм моҳи январ дамои ҳаво то ба +20°С мерасад.
Дамои ҳаво дар Душанбе вобаста ба мавсим тағйир меёбад. Тағйироти бештари ҳаво дар моҳҳои зимистон, тағйироти камтар дар давраи тобистон мушоҳида мешавад.
Дар Душанбе дамои миёнаи пасттарини ҳавои сард дар моҳи январ (2,8°С) қайд гардидааст. Дар моҳҳои аз ҳама гарм (май — август) ҳарорати миёнаи ҳаво 15-17°С -ро ташкил медиҳад. Ҳарорати аз ҳама паст соли 1934 қайд гардида буд (26,6°С). Ҳарорати баландтарини ҳаво ба рӯзҳои мавсими гарм хос аст.
Иқлими Душанбе | |||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нишондод | Янв. | Фев. | Март | Апр. | Май | Июн | Июл | Авг. | Сен. | Окт. | Нояб. | Дек. | Сол |
Максимуми мутлақ, °C | 21,6 | 23,1 | 29,6 | 33,8 | 38,8 | 42,8 | 49,0 | 42,8 | 38,9 | 36,8 | 29,7 | 24,3 | 49,0 |
Максимуми миёна, °C | 9,4 | 10,6 | 15,6 | 20,6 | 26,1 | 32,8 | 35,6 | 34,4 | 30,0 | 23,3 | 15,6 | 10,6 | 22,1 |
Минимуми миёна, °C | −0,6 | 1,7 | 5,6 | 9,4 | 13,3 | 17,8 | 19,4 | 17,2 | 12,8 | 7,8 | 3,3 | 0,6 | 9,0 |
Минимуми мутлақ, °C | −26,6 | −17,3 | −13,4 | −7,8 | 1,2 | 8,4 | 10,9 | 8,1 | 3,0 | −4,4 | −13,5 | −19,5 | −26,6 |
Андозаи бориш, мм | 66 | 75 | 108 | 105 | 66 | 6 | 3 | 1 | 3 | 31 | 45 | 60 | 568 |
Сарчашма: Sistema de Clasificación Bioclimática Mundial Hong Kong Observatory [1] |
Иқлими Душанбе дар 10-солаи охир (солҳои 2013—2022) | |||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нишондод | Янв. | Фев. | Март | Апр. | Май | Июн | Июл | Авг. | Сен. | Окт. | Нояб. | Дек. | Сол |
Максимуми миёна, °C | 10,3 | 12,7 | 18,1 | 23,6 | 29,2 | 34,8 | 38,0 | 35,9 | 32,5 | 24,1 | 15,7 | 11,4 | 23,9 |
Минимуми миёна, °C | −0,7 | 1,1 | 6,1 | 9,6 | 13,6 | 17,1 | 19,3 | 17,0 | 12,9 | 7,7 | 3,1 | 0,4 | 9,0 |
Сарчашма: www.weatheronline.co.uk |
Дар тӯли сол дамои миёнаи ҳадди аксари паст ба моҳи январ (8,2°С) ва баланд ба моҳи июн (35°С) рост меояд. Ҳарорати аз ҳама баланди ҳаво соли 2001 ба қайд гирифта шудаст (43,4°С). Дар моҳҳои тобистон ва аввали тирамоҳ дамои ҳаво дар доираи 15-20°С ва дар моҳи июл дар доираи 35-40°С мебошад.
Дар Душанбе рӯзҳои аввалини сармои тирамоҳ даҳаи якуми ноябр ва сардии зуд аввали октябр ба қайд гирифта мешавад. Баҳорон хунукиҳои охирин ба миёнаҳои даҳаи сеюми март рост меоянд, вале баъзе солҳо онҳоро метавон моҳи апрел низ мушоҳида кард.
Иқлими Душанбе бинобар дар водӣ ҷойгир будани шаҳр баъзе махсусиятҳо дорад. Тобистон дар нишебҳои кӯҳ шабона ҳарорат нисбат ба водӣ баланд ва нам кам мешавад. Бинобар ин дар қисмати шимолӣ шабона дамои ҳаво нисбат ба қисматҳои марказию ҷанубӣ 2-4°С баланд ва нам 20 % камтар аст. Ҳавои нисбатан салқин тобистон дар қисмати марказии шаҳр ба мушоҳида мерасад (дар ин ҷо кабудизор зиёд буда, хонаҳои баландошёна нисбатан камтаранд), дар маҳаллаҳои навбунёд, ки алҳол дуруст сабзкорӣ нашудаанд, дамои ҳаво шабона ва саҳаргоҳ 2-3°С баландтар мебошад. Бо вуҷуди ин ҳадди аксари дамои ҳаво дар шаҳри Душанбе чандон тағйир намеёбад.
Бориш
[вироиш | вироиши манбаъ]Душанбе минтақаи камбориш аст. Миқдори боришоти солона 654 мм буда, дар тӯли сол он нобаробар тақсим мешавад (ба фаъолияти сиклонҳо ва орография вобаста аст). Аз ду се ҳиссаи миқдори умумии бориш ба давраи хунукӣ (аз ноябр то март) рост меояд. Бориши бештарин моҳҳои март — апрел, камтарин моҳҳои июл — сентябр сурат мегирад, ҳол он ки баъзе солҳо аз ҳад зиёд сербориш ва ё баръакс, камбориш мешаванд.
Дар Душанбе бештар борон меборад. Миқдори боришоти омехта дар фасли зимистон 20 дарсадро ташкил медиҳад. Соли аз ҳама сербориш соли 1969 буд (944 мм); соли 1946 хеле хушк омад (ҳамагӣ 390 мм). Миқдори давраи бебориш 43 рӯзро ташкил медиҳад. Баъзе солҳо адади рӯзҳои бебориш хеле зиёд аст, масалан, соли 1971 он 169 рӯз (аз 15 май то 31 октябр) давом ёфт. Кӯрпаи барф дар Душанбе ноустувор мебошад. Ҳар сол вобаста ба ҳолати ҳаво муддати пайдоиши кӯрпаи барф тағйир меёбад. Бо вуҷуди он ки имкони барфпӯш гаштани замин хеле зиёд аст (97 рӯз), адади рӯзҳои боридани барф кам мебошад (ҳамагӣ 25 рӯз). Миқдори бештарини рӯзҳои барфӣ ба январ рост меояд (ба ҳисоби миёна 9 рӯз). Баландии барф 11 см (аз ҳама зиёд 21 см)-ро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин дар тӯли зимистон қабати барф асосан ба 1 см баробар мешаваду бас.
Дараҷаи бо абрҳо пӯшида шудани фазои шаҳр аз рӯйи ҷадвали 10-балла муқаррар карда мешавад. Дар чунин мавридҳо асосан се ҳолати асосиро фарқ мекунанд: осмони соф (0-2 балл), ҳавои ғуборолуд (3-7 бал) ва ҳавои абрнок (8-10 балл). Дар Душанбе аз ноябр то апрел ҳаво серабр мебошад. Миқдори бештари абрҳо ба март рост меояд (ба фаъолияти сиклонҳо вобаста аст). Миқдори рӯзҳои ҳавои соф зиёд ва рӯзҳои абрнок кам мебошад: рӯзҳои ҳавои соф ва беғубор — 218, абрнок — 24. Дар осмони шаҳр бисёр вақт раъду барқ пайдо мешавад. Ба ҳисоби миёна дар Душанбе дар як сол 29 шаборӯз раъду барқ хоҳад шуд. Мавсими раъду барқ ба фасли баҳор ва аввали тобистон (март — июн) рост меояд. Раъду барқ дер давом намекунад (дар 50 дарсади ҳолатҳо то як соат). Муддати миёнаи давомоти раъду барқ 1,5 соат аст. Раъду барқи аз ҳама бардавом (10,9 соат) майи соли 1961 рух дод. Дар Душанбе жола бештар дар фасли баҳор меборад. Ҳар сол қариб се шаборӯз жола меборад, дар 93 дарсади ҳолатҳо давомоти он 15 дақиқа аст.
Дар давраҳои хунукӣ дар натиҷаи шабона сард шудани ҳаво дар шаҳр туман мефарояд. Дар водии Ҳисор, аз ҷумла, дар Душанбе, ки зимистон шамол аз нишебиҳои кӯҳ ҷониби водӣ мевазад, туман чандон зиёд нест. Ба ҳисоби миёна дар тӯли сол 8 рӯз туман мешавад, дар моҳи январ рӯзҳои сертуман зиёданд. Бардавомии туман ба ҳисоби миёна дар давраи хунукӣ 4,6 ва дар давраи гармӣ — 3,3 соат аст.
Бод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Душанбе аз декабр то апрел шамолҳои шарқӣ, аз июл то октябр шамолҳои ғарбӣ бартарӣ доранд. Мавқеи орографии шаҳр боиси ташаккули низоми махсуси шамол мегардад. Суръати миёнаи моҳонаи шамол 0,7 −1,4 м/сония аст. Дар тӯли моҳ суръати вазиши шамол 13-18 рӯз ба 1-5 м/сония баробар мебошад (шамоли шимолӣ ва шимолу шарқӣ). Шамолҳои сахт дар як сол тақрибан 7 рӯз мевазанд, ки суръати онҳо 15 м/сония аст. Баъзе солҳо суръати вазиши шамол ба 30 м/сония мерасад (дар ҳар 50 сол як бор рӯй медиҳад). Шамолҳои сахти ғарбӣ чангбод ба вуҷуд меоранд, ки чун «хокбоди афғон» маъмул аст. Тундбод дар Душанбе бар асари шамолҳои сахти ғарбӣ ва ҷанубу ғарбӣ дар қабати тропосфераи миёна пайдо мешавад. Бештарин давраи такрорёбии чангбод тобистону тирамоҳ аст. Ба ҳисоби миёна дар Душанбе дар як сол 27 рӯз чангбод мушоҳида мегардад. Ин рақамҳо метавонанд тағйир ёбанд, масалан, соли 1971 дар Душанбе 80 рӯз чангбод шуд, ки аз меъёр се баробар зиёд буд, соли 1954 ягон рӯз чангбод мушоҳида нашудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шароити табиӣ: Иқлим // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 15—16. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.