Иқтисоди миллӣ
Иқтисоди миллӣ — яке аз мафҳумҳои марказии назарияи макроиқтисод аст. Ин мафҳумро бори аввал иқтисоддони амрикоӣ Василий Леонтев ҳамчун низоми худтанзимшаванда, ки аз фаъолиятҳои гуногуни ба ҳамдигар алоқаманд таркиб ёфтааст, истифода карда буд.
Асоси иқтисоди миллиро корхонаҳо, ширкатҳо, ташкилотҳо, хонаводаҳо ва дигар бунгоҳҳои иқтисодӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар низоми тақсимоти ҷамъиятии кор вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд.
Иқтисоди миллӣ аз соҳаи тавлидӣ ва соҳаи ғайритавлидӣ иборат аст. Соҳаи тавлидӣ маҷмуъи соҳаҳои тавлидкунандаи маҳсулоти ҷамъиятӣ буда, ба он асосан саноат, кишоварзӣ, тиҷорат, нақлиёт ва дигар соҳаҳои тавлидкунандаи мол дохил мешаванд. Соҳаи тавлидӣ дар навбати худ ба тавлидоти моддӣ ва тавлидоти ғайримоддӣ ҷудо мешавад:
Тавлидоти моддӣ тавлидотест, ки дар он василаҳои тавлидот (корафзорҳо) ва колоҳои масрафӣ падид оварда мешаванд. Дар назарияи иқтисод тавлидоти моддиро ба тавлиди василаҳои тавлидот (соҳаи I) ва тавлиди колоҳои масрафӣ (соҳаи II) низ ҷудо мекунанд. Агар сухан дар бораи саноат равад, онҳоро гурӯҳи А ва гурӯҳи Б меноманд.
Тавлидоти ғайримоддӣ аз тавлидоти моддӣ бо маҳсулоти худ фарқ мекунад, ки шакли ғайримоддиро дорад. Ба тавлидоти ғайримоддӣ соҳаҳои илм, санъат, маданият, маориф, тандурустӣ ва ғайра дохил мешаванд, бинобар ҳамин, онро соҳаи хадамотрасонӣ низ меноманд. Соҳаи ғайритавлидӣ соҳае аст, ки коло тавлид намекунад, балки дар тақсимоти он ширкат меварзад. Ба соҳаи ғайритавлидӣ мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои динӣ ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд.
Дар назарияи иқтисод таркиби истеҳсолӣ, таркиби иҷтимоӣ, таркиби соҳавӣ ва таркиби минтақавии иктисоди миллиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Таркиби истеҳсолӣ тақсими истеҳсолкунандагони миллиро ба субъектҳои иқтисодии асосӣ инъикос мекунад. Аслан се гурӯҳи истеҳсолкунандагони асосиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: хоҷагиҳои хонагӣ, фирмаҳо ва давлат.
Таркиби иҷтимоии иқтисоди миллӣ тақсимоти онро мувофиқи шаклҳои моликият ифода мекунад. Ба таркиби иҷтимоӣ соҳаи (сектори) давлатӣ, соҳаи коллективӣ, соҳаи хусусӣ, соҳаи шахсӣ ва соҳаи омехта дохил мешаванд. Таркиби иҷтимоӣ ҳангоми таҳлили иқтисоди миллӣ нақши муҳим мебозад ва ба инкишофи ин соҳаҳо асосан мувофиқи ҳиссаи онҳо ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё даромади миллӣ баҳо медиҳанд.
Мақсадҳои асосии ҳама гуна иқтисоди миллӣ инҳо мебошанд:
- таъмини суръати бештари афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ ба хотири паст намудани шиддати бӯҳрони иқтисодӣ;
- таъмини дараҷаи устувори нархҳо ба хотири баланд бардоштани курби пули миллӣ ва таъмини мувозинати тақозою арза;
- таъмини содироти бештари молу хидматҳо ба хотири афзоиши содироти соф (фарқи байни содирот ва воридот)ва таъмини ҷиҳати мусбии тавозуни пардохт;
- таъмини дараҷаи баланди шуғли аҳолӣ ба хотири таъмини ҳамаи аҳолӣ бо музди кор, ҷои кор ва талаботи бо маблағ таъминбуда.