Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ
| ██ > 20 трлн $ ██ 10–20 трлн $ ██ 5–10 трлн $ ██ 1–5 трлн $ | ██ 750 млрд $ – 1 трлн $ ██ 500–750 млрд $ ██ 250–500 млрд $ ██ 100–250 млрд $ | ██ 50–100 млрд $ ██ 25–50 млрд $ ██ 5–25 млрд $ ██ < 5 млрд $ |
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (англ. gross domestic product), ихтисора — ММД (англ. GDP) — нишондиҳандаи ҷамъбастиест, ки фаъолияти иқтисоди кишварро дар як давраи муайяни вақт тавсиф мекунад; он мувофиқи методологияи низоми ҳисобҳои миллӣ (НҲМ) ҳисоб карда мешавад.
Стандартҳои охирини байналмилалии методологияи НҲМ соли 2008 (НҲМ-2008) бо қарори муштараки созмонҳои пешбари байналмилалӣ — Созмони Милали Муттаҳид, Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо қабул шудаанд. Дар низоми ҳисобҳои миллии Тоҷикистон то аввали соли 2026 нусхаи НҲМ-2008 ҷорӣ ва истифода мешавад.
ММД ҳамчун нишондиҳандаи ҷомеътарини истеҳсолот, маҷмуи арзиши изофаи умумӣ мебошад, ки дар раванди истеҳсоли молҳо ва хидматрасониҳо аз ҷониби резидентҳои иқтисоди мазкур офарида шудааст, ба иловаи ҳар гуна андозҳо ва тарҳи ҳар гуна субсидияҳо ба маҳсулоте, ки ба арзиши барориш дохил нашудаанд. Резидентҳо субъектҳои иқтисодие ҳисобида мешаванд, ки дар қаламрави кишвар зиёда аз як сол маркази манфиатҳои иқтисодӣ доранд. Арзиши изофаи умумӣ (АИУ) ҳамчун фарқияти байни барориши маҳсулот ва истеъмоли мобайнӣ муайян мегардад. Фарқияти байни ММД ва истеъмоли сармояи асосӣ Маҳсулоти дохилии холис (МДХ) номида мешавад.
Усули ҳисоб
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Низоми ҳисобҳои миллии Тоҷикистон се усули ҳисоби ММД мавҷуд аст: истеҳсолӣ, истифодаи даромадҳо ва ташаккули даромадҳо[1]. Ҳар яке аз усулҳо ба низоми маълумоти ибтидоии худ такя мекунанд, ки ҳисобҳои нишондиҳандаи ниҳоиро таъмин менамоянд. Аз ҷиҳати назариявӣ натиҷаи ҳар се усул бояд яксон бошад, вале дар амал бинобар гуногунрангии иттилоот ихтилофи оморӣ ба вуҷуд меояд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ то 5 % ҷоиз дониста мешавад.
ММД бо усули истеҳсолот тавассути зам кардани тамоми арзиши изофа аз рӯи соҳаҳо бо нархҳои асосӣ ва ҷамъи андозҳои холиси (бе ҳисоби кумакпулӣ) маҳсулот ва воридот ҳисоб карда мешавад[1].
Ҳисоби ММД бо усули истифодаи даромад нишон медиҳад, ки хонаводаҳо, муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои ғайритиҷорие, ки ба хонаводаҳо хидмат мерасонанд, даромади худро байни истеъмоли ниҳоӣ ва пасандоз чӣ гуна тақсим мекунанд. Даромади дар ихтиёр доштаи хонаводаҳо ҷамъи маблағи фоида, ҳаққи меҳнат ва бақияи даромадҳои гирифташуда аз моликият ва трансфертҳои ҷорӣ додашуда мебошад[1].
Ҳисоби ММД бо усули ташаккули даромад аз ҷониби воҳидҳои таъсисотӣ, ки бевосита дар раванди истеҳсоли молу хадамот иштирок мекунанд, пардохтани даромадҳои аввалияро инъикос мекунад. Дар мавриди бо усули истеҳсолӣ ва бо усули истифодаи даромадҳо ташаккул додани ММД унсурҳои асосие ташаккул меёбанд, ки ба таркиби ММД усули ташаккули даромадҳо дохил мешаванд[1].
Ҳамчун натиҷаи фаъолияти иқтисодӣ дар як давраи муайян, нишондиҳандаҳои ММД бо нархҳои ҷорӣ (номиналӣ) ҳисоб карда мешаванд. Барои таҳлили динамика, қиматҳои бо нархҳои доимӣ (воқеӣ) ҳисобшуда муқоиса карда мешаванд. Тақсими қиматҳо бо нархҳои доимӣ суръати воқеии тағйирёбӣ (индекси ҳаҷми ҷисмӣ) номида мешавад. Тағйирёбии ҳаҷми номиналии ММД, ки танҳо ба тағйирёбии нархҳо вобаста аст, дефлятори ММД-ро ташкил медиҳад. Давраи асосии ҳисоби ММД сол мебошад. Бо дарназардошти ҳаҷми бузурги додаҳои ибтидоӣ, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ интишори чанд арзёбии ММД тавсия дода мешавад, ки дақиқии онҳо пай дар пай меафзояд. Давраи дигари ҳисоб семоҳа мебошад. Дар баъзе кишварҳо арзёбиҳои моҳона низ интишор мешаванд, вале ин танҳо дар шароити низоми омории хеле пешрафта имконпазир аст.
Яке аз мушкилоти мураккаби методологӣ ва амалӣ таъмини таҳлили ҳудудӣ мебошад, ки ба ин мақсад нишондиҳандаи маҳсулоти умумии минтақавӣ (МУМ) ҳисоб карда мешавад. Вазифаи алоҳида дар таҳлили ММД муқоисаҳои байналмилалӣ мебошад. Барои бартараф кардани таъсири сохтори нархҳо ва қурби асъор, муқоисаҳои байналмилалии ММД на аз рӯи қурби асъор, балки дар асоси баробарии қудрати харид (БҚХ)-и асъор анҷом дода мешаванд. Илова бар ҳаҷми умумии ММД, нишондиҳандаҳои нисбӣ низ ҳисоб карда мешаванд. Аз ҷумла, истифодаи нишондиҳандаи ММД ба ҳар сари аҳолӣ имкон медиҳад, ки сатҳи барориш бидуни таъсири миқёси ҳар як иқтисоди баррасишаванда муқоиса карда шавад.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Ҳисобҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агентии омор (2024). 2 марти 2026 санҷида шуд.