Jump to content

Йулдош Сафаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Йулдош Сафаров (тав. 20. 10. 1934, деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсуни ҶШС Ӯзбекистон), забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (2002), дотсент (2004).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1953–1958 дар факултети таърих ва филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Аз соли 1958 ҳамчун мудири кабинети забон ва адабиёти тоҷик, ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият мекунад. Ҳамзамон солҳои 1958–1971 вазифаи раиси радиошунавонии донишкадаи омӯзгориро ба уҳда дошт. Оид ба забони осори насри муосири тоҷик, аз ҷумла роҷеъ ба забон ва услуби Раҳим Ҷалил, Ҳабиб Юсуфӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва дигарон тадқиқоти илмӣ бурдааст.

Таснифоти калимаҳои русию интернатсионалии асарҳои Раҳим Ҷалил аз рӯи маъно, Д., 2001; Луғати чандомади калимаҳои русӣ-интернатсионалии асарҳои Раҳим Ҷалил, Д., 1993; Ихтисораҳо дар асарҳои Раҳим Ҷалил, Д., 1994; Калимаҳои мураккаби кӯтоҳкардашуда дар асарҳои Раҳим Ҷалил // Мактаби советӣ, Д., 1989, №11; Баъзе хусусиятҳои луғавии ашъори С. Айнӣ // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ (бахши филологӣ ва ҷомеашиносӣ), Д., 1997, №5.