Казуар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Казуар
Казуар
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ

Казуа́рҳо - ба оилаи поррандагони парвознакунандаи Казуарҳо дохил мешавад (Casuariidae KAUP, 1847). Казуарҳо асосан дар ҷангалҳои тропикии Гвенияи Нав ва дар шимолу ғарби Австралия зиндагонӣ мекунанд. Номи ин парранда аз забони индонезӣ гирифта шуда, маънояш kasu weri, « Сари шохдор » мебошад.

Намуди зоҳири[вироиш | вироиши манбаъ]

Казуарҳо – паррандагони калони парвознакунанда. Ин паррандаи тоҷдор қадаш то 1,5 – 1,8 метр баланди дорад (баъзеи онҳо то 2 метр мерасад) ва тақрибан 60 килограмм вазн дорад. Барои ҳамин Казуарҳо яке аз паррандагони калонҷуссаи Австралия ва дуюмин пррандаи калонҷуссаи дунё (баъд аз паррандаи мурғи марҷон) ба ҳисоб меравад. Ҳамаи се намуд дар сар ҷойгир аст, ки инро тоҷ меноманд.Вай аз чизи шохдори дар гирди материали сахт ҷойгир мебошад. Дар бораи ин тоҷ якчанто хабарҳо маълум аст.Шояд, ки казуарҳо онро ҳамчун яроқ дар ҷангҳо ва барои пайдо кардани хурок истифода мебаранд.Охирин се хабаре ки биолог Эндрю Маком дар ҳолати назари худ. Дар мақолаҳои аввалаи Кроума ва Мура муясар шуд, ки паррандагон дар вақти давидан сарашонро хам мекунанд.Мак ва Чоунс мегуянд, ки тоҷ дар нақш бо ёрии овози мусиқи мебозад.Ин аз он бар меояд,ки ин парранда овози паст дорад,ки мумкин аст,ки бо ин овози паст бо дигар паррандагоне ки дар ҷангалзори тропики зиндагони мекунад суҳбат мекунанд.

Паҳн шудан[вироиш | вироиши манбаъ]

Казуарҳо дар ҷангали тропикии Гвенияи Нав ва дар шимолу ғарбии Австралия зиндагонӣ мекунанд. Ҳар се намуди Казуарҳо парвознакунанда аст. Казуарҳои зардчатоб дар ҷангалҳои паст, Казуарҳои тоҷдор дар баландии миёнҷаой, Мурук бошад дар ҷангали баландкуҳҳо зиндагонӣ мекунанд. Мурук метавонад то баландии сатҳи баҳр парвоз кунад.

Казуарҳо асосан дар Австралия дар қавсхо зиндагонӣ мекарданд. Асосан Казуарҳои тоҷдор дар Кейп-Йорки шимоли Квинсленд зиндогонӣ мекарданд.

Ғайр аз инхо Казуархо дар баъзе ҷазираҳои назди Гвенияи Нав зиндагонӣ мекунанд: Казуари тоҷдор дар ҷазираи Серам ва Ару, Мурук дар ҷазираҳои Япен ва Британияи Нав, Казуарҳои тоҷдор дар ҷазираҳои Япен ва Салавати зиндагонӣ мекарданд. Вале маълум нест, ки Казуарҳо дар он буданд ё зиндагонӣ карданд. Хамаи Казуархо паррандаи рустшаванда ва дар даруни чангал зиндагони мекунанд. Аз баски зинданонии казуарҳои зарчатоб ва мурук рустианд, онҳо маълумоти пурра надоранд.

Тарзи ҳаёти солим[вироиш | вироиши манбаъ]

Онҳо асосан бисёри вақтхояшонро бо кофтукови хурок мегузаронанд. Баъзе вақтҳо Казуарҳо ба одамон ҳамла карданашон ҳам мумкин, аз сабаби он, ки онҳо аз сарҳади назди хонаи Казуарҳо гузаштааст ё ки агар одамон онҳоро шикор кунанд. Вақте, ки Казуарҳо шикор кардани мешаванд гардани онҳо дам мешаванд ва узвашон меларзанд. Дар вақти хамла карданашон онҳо якбора бо ду пояшон мезананд.

Истеъмол кунӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Казуарҳо асосан меваҳое, ки аз дарахтҳо меафтанд ё ки дар поёнии дарахтҳо истодаро истеъмол мекунанд. Боз онҳо ғайр аз меваҳо ҳашаротҳо, морҳо ва дигар ҳайвонҳои майдаро мехуранд. Казуарҳо ҳам ба монанди дигар паррандаҳо сангҳоро фурӯ мебаранд. Казуарҳо асосан кам-кам об мехуранд.

Душманхо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғайр аз одамҳо Казуарҳо дар Гвенияи Нав душман надоранд. Вале ба бачаҳои Казуарҳо саги Дингоӣ душман шуда метавонанд.

Систематика[вироиш | вироиши манбаъ]

Казуарҳо асосан ба оилаи парранданони парвознакунанда дохил мешаванд: ба онҳо дохил мешаванд мурғи марҷон, эму, моа. Дар ҳозира замон бошад Казуарҳо ба се синф дохил мешаванд.

Казуари тоҷдор - Casuarius casuarius Мурук ё Казуари мурук - Casuarius bennetti Казуари зардчатоб - Casuarius unappendiculatus

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Integrated Taxonomic Information System (ингл.) — 2005.
  2. IOC World Bird List Version 6.3 — 2016. — doi:10.14344/IOC.ML.6.3
  3. World Bird List (ингл.): IOC World Bird List — 6.4 — IOU, 2016. — doi:10.14344/IOC.ML.6.4