Калимаҳои тақлидӣ
Калимаҳои тақлидӣ — гурухи калимаҳое, ки аз руи сохти овозиашон тақлиду таҷдиди хитобҳои одам, овозу фарёди ҳайвонот, паррандахо, садои ходисахри табиат, предметҳои гуногун мебошанд. Калимаҳои таклидӣ дар таркиби лугавии забон макоми хос дошта, маҳумеро ифода мекунад, ки бо дарки шунавой алока дорад: хик,-хик, гиристан, тик-тики соат, фаш-фаши паровоз, баа-бааи барра, ак-аки саг, чир-чири малах, шибир-шибири борон, гулдур-гулдури барк, шар-шари об ва ғайра. Дар забони тоҷикӣ аксари Калимаҳои таклидӣ аз як хичо зиёд буда, шакли фаровони такрор доранд. Аз ҷиҳати морфологи Калимаҳои таклидӣ бештар ба категорияи исм ва зарф мансубанд. Дар Чумла ба вазифаи хамаи аъзои он омада метавонанд. Баъзе Калимаҳои таклижй зохиран ба нидо наздиканд, вале аз он фарқ, мекунанд, чунки хиссиёту иэхори иродаро ифода наменамоянд. Калимаҳои таклидӣ ҳамчун воситаҳои обу ранг ва услуби тасвири вокеият истифода мешаванд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |