Калисо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Калисои Модархудои Париж 1163-1257

Калисо - дар меъмории дини христианӣ маъбади асосии шаҳр ё дайр, ки дар он рӯҳониёни олимартаба (патриарх, архиепископ ва дигарон) ибодат мекунанд. Дар баъзе шаҳрҳо чандин Калисоҳо сохта мешуд. Калисоҳое, ки беҳтарин ёдгории санъати меъморӣ ҳисоб меёбанд, дар ҷаҳон бисёранд, Машҳуртарини онҳо: Калисои Англиканӣ (калисои давлати Англия, ки дар садаи XVI бунёд ёфтааст) ва Калисои Арманӣ-Григорианӣ (масеҳӣ, дар садаи IV милоди сохта шудааст) Минбаъд Калисо дар худ беҳтарин комёбиҳои санъати меъмории даврро таҷассум намуда, бо шукӯҳу салобат нуфузи динро меафзуд. Калисои Модархудои Париж(ёдгории меъмории готикаи ибтидоии Фаронса, соли 1257 бунёд гардидааст), Калисои ҷомеи Василий Блаженный (соли 1560, Москва.)