Jump to content

Каломии Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Каломии Исфаҳонӣ

Латифуддин Аҳмад ибни Муҳаммад Каломии Исфаҳонӣ (форсӣ: لطیف‌الدین احمد بن محمد کلامی اصفهانی‎; ? — қарни XIII) — шоир ва адиби форс-тоҷик, муаллифи «Мунису-л-аҳрор фӣ дақоиқу-л-ашъор»[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Каломии Исфаҳонӣ муосири Содиқии Китобдор буд ва бино ба навиштаи муаллифи «Арафоту-л-ошиқин», ҳамзамони мулло Замирӣ, мулло Хуррамӣ ва мулло Муҳаммадқосими Розӣ будааст. Замоне, ки Хоҷа Муҳаммадшарифи Ҳиҷрӣ вазири ҳокими Исфаҳон ва Ироқи Аҷам буд, Каломии Исфаҳонӣ ва бародараш Саломӣ дар мадҳи ӯ ашъоре суруданд. Ин ҳар ду дар бухлу тамаъ ва ҳирсу хасисӣ шуҳраи замона буданд. Хоҷа Муҳаммадшарифи Ҳиҷрӣ дар ҳаққи онҳо гуфта:

Ду чиз аст бадтар зи чизи ҳаромӣ:
Саломи Каломӣ, каломи Саломӣ.

Муаллифи тазкираи «Рӯзи равшан» ишора мекунад, ки «Каломӣ бар хубии назм бар Саломӣ тафаввуқ дошт». Каломии Исфаҳонӣ китоби мунтахаби ашъори шоирони форс-тоҷикро бо номи «Мунису-л-аҳрор фӣ дақоиқи-л-ашъор» тартиб ва ашъори худро низ дар он ҷо додааст. Бадрии Ҷоҷармӣ шеърҳои Каломии Исфаҳонӣ-ро аз китоби мазкур хориҷ карда, китобро бо баъзе иловаҳо ба номи худ гардонидааст. Намунаи ашъори ӯ дар тазкираву баёзҳо боқӣ мондааст.

Байти зер аз ӯст:

Дӯш дар оина акси рӯи худ андохтам,
Дошт бо рӯи ту даъво, зардрӯяш сохтам.

  1. لطیف‌الدین احمد بن محمد کلامی اصفهانی - ویکی فقه. fa.wikifeqh.ir. 29 марти 2024 санҷида шуд.