Jump to content

Калонбеги Андиҷонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Калонбеги Андиҷонӣ

Амир Низомуддин Хоҷа Калонбег Калони Андиҷонӣ (форсӣ: خواجه کلان بیگ کلان اندجانی[1]; ? — қарни XVI, Кобул) — амир ва шоири порсигӯ[2], амири Кобулу Қандаҳор дар замони салтанати Бобур.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Яке аз амирон дар давраи Бобур. Дар лашкаркашиҳои Бобур ба Ҳиндустон иштирок кардааст. Пас аз фатҳи Ҳиндустон Бобур ба ӯ ҳукмронии мулкҳои Кобул ва Қандаҳорро дод. Ба ғайр аз корҳои давлатӣ ва лашкаркашиҳо Калонбеги Андиҷонӣ ба шеър гуфтан низ машғул мешуд. Ба забонҳои форсӣ ва туркӣ шеър мегуфт. Байти зер аз ӯст, ки ба Бобур ирсол дошта буд:

Агар ба хайру саломат гузар зи Синд кунам,
Сиёҳрӯй шавам, гар ҳавои Ҳинд кунам.

Баъдан байте ба Бобур фиристод, вале Бобур ба он ҷавоб нагуфт:

Эй подшоҳи хубон, то кай кунӣ тағофул?
Ёде намекунӣ ҳеч аз ошиқони Кобул.

Дар маъхазҳо аз шавқу ҳаваси беандозаи Калонбеги Андиҷонӣ ба мусиқӣ иттилоъ дода шудааст. Ӯ на танҳо дар базмҳо, ҳатто дар муҳорибаҳо ҳам мусиқӣ гӯш мекард. Намунаҳои ашъораш тавассути тазкираҳо то замони мо расиданд.

  1. خواجه کلان بیگ کلان اندجانی(форсӣ). Aftabir.com (13 сентябри 2006). 30 апрели 2024 санҷида шуд.
  2. خواجه کلان بیگ کلان اندجانی(форсӣ). vista.ir. 30 апрели 2024 санҷида шуд.