Калхот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Калхот
Milvus milvus R(ThKraft).jpg
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
  • Milvinae
Калхот

Калхот, калход, пажан, чӯҷагирак, халхот, хот, (Milvis korshun) - як навъ паррандаест соҳибчангол. Ба оилаи бозон дохил мешавад. Болҳои дароз (428 —545 мм) ва паҳноӣ, думи дароз (251—335 мм) дорад. Минқораш дароз (24—30 мм), вазнаш 800— 900 г, рангаш бур ва бури қаҳваранг. Калхотҳо тухмзинда-зо ва зиндазоянд. Дар шароити Тоҷикистон соле як маротиба афзоиш мекунанд. Як Калхот аз 1—2 то 8—20 тухм гузоштаааш мумкин. Ҷанини тухм аз таъсирп гармии офтоб ин нимбиёбон, куҳу даштҳо ва бештар назди обанборҳо зиндагӣ мекунад. Дар болои дарахт (чинору арча), ҷарӣ ва харсангҳо лона мегузорад. Калхот як лонаро чандсол истифода мебарад. Аввали май 2—4 тухм гузошта. охири май чӯҷа мебарорад. Дар собиу Шӯравӣ (ғайр аз Шимоли Осиё) вомехӯрад; зимистонро дар Африқо ва Осиёи Ҷанубӣ мегузаронад. Дар Тоҷикистон Калхот дар пастиҳо, баъзан дар кухдои на он кддар баланд (то 1800 м аз с. б.) дучор меояд. Дар Боботот, водии дарёи Сир, Зарафшон, Кофарниҳон, поёноби Вахш, Бадахшону Дарвоз одатан вақти кучи паррандаҳо вомехурад; кучи бахория К. март — апрел, кучи тирамоҳиаш сентябр — октябр мегузарад. Калхотҳои лонагузор дар доманакуҳи кухҳои Дурама, Туркистон, Зарафшон ва Ҳисор лона мегузорад. Ғизой Калхот хоянддҳои майда, хазандаҳо, обхокиҳо, лоша, баъзан моҳӣ ва паррандаҳо мебошанд. Солҳои бисьёр шудани малах Калхот онҳоро нест карда, ба хоҷагии қишлоқ фоида меорад. Калхот баъзан ба паррандаҳои хонагӣ ҳам ҳуҷум мекунад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]