Зарафшон (рӯд)
Зарафшон (рӯд) | |
|---|---|
| Мушаххасот | |
| Тӯл | 877 км |
| Ҳавза | 12 300 км² |
| Ҷараёни об | |
| Сарчашма | дарёҳои якҷоя: Яғноб ва Фондарё |
| • Мавқеъ | Қаторкӯҳи Зарафшон |
| • Баландӣ | 2775 м |
| • Координатаҳо | 39°28′07″ с. ш. 70°29′30″ в. д.HGЯO |
| Резишгоҳ | Кофарниҳон |
| • Мавқеъ | Қарокӯл Ӯзбекистон |
| • Баландӣ | ≈ 200 м |
| • Координатаҳо | 39°33′21″ с. ш. 63°52′08″ в. д.HGЯO |
| Нишебии дарё | 0,14 м/км |
| Мавқеъ | |
| Системаи обӣ | Сирдарё → Қарокӯл |
|
|
|
| Кишварҳо | Ӯзбекистон/Тоҷикистон |
| Минтақаҳо | Вилояти Суғд, Самарқанд, Бухоро |
| Ноҳияҳо | Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент |
|
|
|
Зарафшон (рӯд) дар Викианбор | |
Зарафшон (форсӣ: زرافشان) — рӯдхонаест дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон, яке аз бузургтарин рӯдҳои Осиёи Марказӣ.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар гузаштаи дур шохаи Амударё буда, бино бар рушди обёрӣ ҳоло ҳамчун як ҳавзаи ҷудогона дониста мешавад. Болообашро (то резишгоҳи Фондарё) Мастчоҳ низ меноманд. Дар маъхазҳои таърихӣ Зарафшон дар ибтидо то истилои арабҳо Политимед, Намик (Машҳур), Рӯди Мосаф, Рӯди Суғд, дар баландии Чӯпонота (наздикии ш. Самарқанд) Оби Кӯҳак ва баъдтар Сомиҷон, Наҳру-л-Бухоро ном дошт. Дар «Бобурнома»-и Заҳируддин Бобур низ дар бораи рӯди Зарафшон (он ҷо Оби Кӯҳак зикр шудааст) маълумот дода шудааст. Аз асри 18 дарё Зарафшон ном гирифтааст.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарозиаш 877 км, масоҳати ҳавзааш 41860 км², аз ҷумла қисми кӯҳиаш 17710 км². Дар шимол аз пиряхи Зарафшон ибтидо гирифта, дар ғарб то регзори Сандуқли (биёбони Қизилқум) мерасад. 317 км ҷараёни боло ва миёнаи он аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад. Зарафшон дар ин ҷо асосан аз водии тангу амиқ ҷорӣ гардида, тезоб ва пурталотум аст. Дар ҷойҳои нисбатан васеи водӣ суфаҳои қадимии дарё боқӣ мондаанд (дар назди шаҳраки Айнӣ ва Дупула), ки онҳоро об шуста амиқ кардааст. Дар ҳудуди Тоҷикистон Зарафшон бештар аз 100 шохоб дорад. Бузургтарини онҳо Фон, Киштӯд ва Моғиён буда, шохобҳои чап мебошанд. Водии дарё аз шарқ ба ғарб торафт васеъ ва тадриҷан паст мешавад. Аз резишгоҳи рӯди Киштӯд (қисми шарқии деҳаи Рукнобод) сар карда, водӣ ба самти ғарб торафт вусъат меёбад. Дар мавзеи деҳаҳои Марғедар, Ғӯсар (собиқ шаҳраки Колхозчиён), Сӯҷина ва ш. Панҷакент Зарафшон дарёбоди васеъ ҳосил кардааст. Дар дарёбоди назди деҳаи Сӯҷина ва ш. Панҷакент шолӣ мекоранд. Зарафшон тақр. пурра дар ҳудуди Тоҷикистон шакл мегирад. Баъди ба ҳудуди Узбекистон ворид шудан дар байни дарғоти назди деҳаи Работи Хӯҷа ва ш. Навоӣ дар хамии васеи байникӯҳӣ ҷорӣ мешавад ва маҷрои дарё оҳиста-оҳиста васеъ гардида, ҷо-ҷо дарёбоди хурду бузург ҳосил мекунад. Дар назди баландии Чӯпонота (дар қисми шарқии Самарқанд) дарё ба ду шохаи калон — Оқдарё (дарозиаш 131 км) ва Қародарё (127 км) ҷудо шуда, дар миёнаҷо ҷаЗарафшон Миёнкол (бараш 15 км)-ро ба вуҷуд овардааст. Дар наздикии деҳаи Хатирчӣ дарё боз ба ҳам даромехта, бо номи Зарафшон идома меёбад. Ба шаҳри Навоӣ нарасида, дар байни деҳаҳои Оромиҷон ва Тошработ водии дарё хеле танг мешавад. Пас аз ин Зарафшон ба сӯи биёбони фарохи Қизилқум равон шуда, аввал ба Бухоро, баъд аз Қарокӯл мегузарад. Оби Зарафшон дар наздикии дарғоте, ки 3 км болотар аз Қарокӯл воқеъ аст, ба наҳрҳо тақсим мешавад. Дар поинтари дарғот маҷрои Зарафшон ба ду шоха тақсим мешавад. Яке аз онҳо Тайқир (аз чап) ва дигараш Сарибозор (аз рост) ном дорад. Болооби ҳар ду шоха ҳамчун наҳри обёрӣ хидмат мекунад. Обҳои боқимонда аз Тайқир ба Денгизкӯл (21 км дуртар аз рӯди Ому) мерезанд (дарозии Зарафшон то ҳамин ҷо 877 км). Дар ҳавзаи Зарафшон 1272 пирях (аз он масоҳати 892 пирях 0,1 км² мебошад) ба қайд гирифта шудааст. Манбаи асосии дарё — пирях ва барфҳои доимӣ. Давраи серобиаш июн — август, камобиаш сентябр — март. Сарфи миёнаи бисёрсолаи об дар назди Дупула 154 м³/с, дар назди дарғоти назди деҳаи Работи Хӯҷа 164 м³/с. Сарфи аз ҳама бештари об (максималиаш) 930 м³/с (7 июли 1942) ва 996 м³/с (31 майи 1964), сарфи камтарини он 24 м³/с (31 январи 1928) ба қайд гирифта шудааст. Дар имтидоди солҳои 2005-10 сарфи об ба миқдори 200—250 м³/с (каме бештар аз меъёр) мушоҳида шудааст. Оби дарё тобистон лой аст, 1 м³ об 0,80 кг лойқа дорад. Миқдори солонаи обовардҳо 4200 ҳазор т. Дар Зарафшон ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ, сагмоҳӣ, мормоҳӣ ва ғ. ҳаст. Оби Зарафшон барои кишоварзӣ, бахусус барои обёрии заминҳо аҳаммияти зиёд дорад. 96 дарсади оби Зарафшон пурра истифода бурда мешавад. То Инқилоби Октябр қисми кӯҳии дарё қариб истифода намешуд. Ҳоло аз қисми кӯҳиву шохобҳои он ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ ва наҳрҳо [(Марғедар, Халифа Ҳасан (собиқ Тӯқсанкорез)] ва ғ. аксари заминҳои ш. Панҷакент (даштҳои Марғедар, Ёрӣ, Амондара ва Дашти Малла), инчунин аз ҷараёни миёнаву поиноби Зарафшон заминҳои Самарқанду Бухоро, Ҷиззаху Қашқадарё обёрӣ мешаванд. Дар қисми кӯҳии ҳавзаи рӯди Зарафшон зиёда аз 60 кӯл (асосан дар ҳавзаи рӯдҳои Искандар, Киштӯд ва Моғиён) мавҷуд аст, ки бузургтарини онҳо Искандаркӯл мебошад.
Истифодаи об
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо мақсади истифодаи самарабахши оби Зарафшон дар назди Каттақӯрғон обанбори Каттақӯрғон ва дар воҳаи Бухоро обанбори Кӯйимазор бунёд шудаанд. Дарозии наҳрҳои қадимие, ки аз Зарафшон об мегиранд, 2500 км. Онҳо имрӯз ба худ қиёфаи дарёҳои табииро гирифта, суфаҳои қадимию ҷазирачаҳо низ доранд. Наҳрҳои Дарғам ва Нарпай (Наҳрпой)-и Самарқанд, Руди Зар (ҳоло Шаҳррӯд), Шофирком, Харканрӯд (ҳоло Ҳалқонрӯд), Говхитфар (ҳоло Вобкентдарё) ва Вобканди воҳаҳои Навоӣ ва Бухоро аз ҷумлаи онҳоанд. Дар бораи ин наҳрҳо (рӯдҳо) дар сарчашмаҳои таърихӣ, аз ҷумла дар асарҳои Наршахӣ, Истахрӣ ва Муқаддасӣ (асри 10) маълумот дода шудааст. Дар соҳили Зарафшон ноҳияҳои Кӯҳистони Масчо, Айнӣ, шаҳри Панҷакент ва шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Каттақӯрғон, Ғиждувон, Ромитан ва Навоии Узбекистон воқеъ гардидаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарафшон // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гулямов Я. Г., Исламов У., Аскаров А. Первобытная культура и возникновение орошаемого земледелия в низовьях Зарафшана. Т., 1966;
- Киммерих рӯди О. Гидрография Памира и Памиро-Алая. М., 1978.
- Раҳимов М. Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон. Д., 2001;
- В. В. Бартольд. К Истории Орошения в Туркестане. — В: Собрание соч., том 3. Москва, 1965.
- Robert Lewis. Early Irrigation in West Turkestan. Annals of the Association of American Geographers, vol. 56, 1966, № 3, 467—491.
- Якубов, Ю. Паргар в VII—VIII вв. н. э. (Верхний Зеравшан в эпоху раннего средневековья). М., Дониш, 1979.
- Қуттии дарё:ислоҳ кардан:Нишебии дарё
- Дарёҳо аз рӯи алифбо
- Объектҳои обӣ ба тартиби алифбо
- ТАФ:ОО:Вироиши охирин: дар порсол
- Дарёҳо бо дарозии то 1000 км
- Геоқуттӣ: пур кардан: Номгузорӣ
- Қуттии дарё: ислоҳ кардан: мухолифат бо Викимаълумот: Тӯл
- Қуттии дарё:ислоҳ кардан: мухолифат бо Викимаълумот: Масоҳати ҳавза
- Қуттии дарё: пур кардан: Сарфи об: дар Викимаълумот нишонагузорӣдодашуда
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Қуттии дарё: пур кардан: Номгузории миллӣ
- Қуттии дарё: Викимаълумот: пур кардан: радаи ҳавза
- Қуттии дарё:ислоҳ кардан:Резишгоҳ/Ҳавза
- Дарёҳои Тоҷикистон
- Pages using the Kartographer extension