Jump to content

Камоли Сабзаворӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камоли Сабзаворӣ

Камоли Сабзворӣ (форсӣ: کمال سبزواری‎; 1557[1] — ?) — хаттоти форс-тоҷик, писари Мавлоно Абдулҳаққи Сабзаворӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳунари хушнависиро аз падараш Мавлоно Абдулҳаққи Сабзворӣ, ки аз устодони хушнависи Хуросон буд, омӯхтааст. Дар навиштани хатти ситта ва сулс маҳорати баланд дошт. Бино ба маълумоти муаллифи «Гулистони ҳунар» Қозӣ Мир Аҳмад, ки бо Камоли Сабзаворӣ дар Машҳад (соли 965 қ.) мулоқот доштааст, ӯ хатҳои шашгона (насх, сулс, тавқеъ, риқоъ, муҳаққақ, райҳон)-ро хуб навишта, ҳамеша ба китобати каломуллоҳ ва дуоҳои «Дувоздаҳимома» машғул будааст. Бештари маҳсули ҳунари Камоли Сабзаворӣ (асосан ба сурати мураққаъ ё қитъаҳо) бо хатти насх ва сулс боқӣ мондаанд. Дар зери навиштаҷот, қитъаҳо ва мураққаоти хаттотикардаи худ «Шайх Камол Абдулҳақ», «Шайх Камол ибни Абдулҳаққи Сабзворӣ», «Камолуддин Маҳмуд ибни Абдулҳаққи Сабзворӣ» имзо гузоштааст.

  1. کمال سبزواری. rasekhoon.net. 19 апрели 2024 санҷида шуд.