Камоли Турбатӣ
Камоли Турбатӣ (форсӣ: کمال تربتی; қарни XV) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳаш ноҳияи Турбати Ҳайдария буда, дар ҳамон ҷо ба камол расидааст. Камоли Турбатӣ асосан дар Табрезу Машҳад зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ӯ ҳангоми сафари ҳаҷ дар Машҳад бо Навоӣ вохӯрда, дар масъалаҳои шеъру шоирӣ ва муаммокушоӣ суҳбатҳо кардааст. Бино ба маълумоти Навоӣ, Камоли Турбатӣ аз шоирони машҳур ва хуштабъу ҳозирҷавоби Хуросон будааст. Баъди сафари ҳаҷ дар зодгоҳаш Турбат вафот кардааст. Камоли Турбатӣ бо мухаммасҳояш бар ғазалиёти Ҳофиз машҳур шудааст; маҳорати ӯро махсусан ҳамзамононаш дар навиштани муаммо эътироф кардаанд. Навоӣ дар «Маҷолису-н-нафоис» муаммои зерини ӯро намуна овардааст, ки ҷавоби он «Қутб» аст:
Оне, ки дар ҳавои сари зулфи ёри мост,
Аз сар гузашта аввалу дар охираш ҳабост.
Падари Камоли Турбатӣ Ҳофиз ном дошта, табиб будааст. Камоли Турбатӣ «дар камоли хуштабъӣ ва зарофат қитъаҳои мутоибаомез ба падараш гуфтааст», ки намунае аз он чунин аст:
То ки Ҳофиз табиби Турбат шуд,
Кушта шуд ҷумлагӣ кеҳу меҳи ӯ.
Муш дар шарбаташ фитоду бимурд,
Марги муш аст шарбати беҳи ӯ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Камоли Турбатӣ / А. Ҷалол // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.