Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Камолуддин Ҳусайни Хоразмӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камолуддин Ҳусайни Хоразмӣ
Таърихи таваллуд 1470
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1551
Навъи фаъолият шоир
Забони осор форсӣ

Камолуддин Ҳусайни Хоразмӣ (форсӣ: کمال‌الدین حسین خوارزمی[1]; 1470, Хоразм1551) — нависанда, шоир ва орифи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш шаҳри Кошон. Камолуддини Кубравӣ пайрави силсилаи кубравия буда, нисбаташ ба Наҷмуддин Куброи Хоразмӣ мерасад. Камолуддини Кубравӣ ҳикмат, фиқҳ, забони арабӣ, мантиқ, тасаввуф, ҷуғрофия ва тиббу нуҷумро омӯхта, донишманди фозил ва орифи комил гардида буд[2].

Таълифоте андар тасаввуф аз қабили «Мақсаду-л-ақсо фӣ тарҷумати-л-Мустақсо» ва ду шарҳ ба «Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ бо унвони «Ҷавоҳиру-л-асрор ва завоҳиру-л-анвор» ва «Кунузу-л-ҳақоиқ фӣ насоеҳи-л-аброр» ва ғайра дорад. Девони қасоиду ғазалиёташро саҳван ба Мансури Ҳаллоҷ нисбат додаанд. Барои бо аркону аҳкоми маъмули дини Ислом мутобиқат накардани андешаҳояш ҳомиёни дин ӯро ба куфру илҳод айбдор кардаанд[2].

Осор ва ашъори сӯфиёнаи Камолуддини Кубравӣ дар ташаккулу такомули баъдии силсилаи кубравия ва тарғиби ғояҳои тасаввуф аҳаммият доштанд[2].

  1. خوارزمی، کمال الدین. دایره المعارف بزرگ اسلامی.
  2. 1 2 3 Камолуддини Кубравӣ / М. Султонов, М. Диловаров // Исҳоқ — Кашиш. Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). ISBN 978-99975-68-17-5.