Jump to content

Камолуззамони Удӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камолуззамони Удӣ
Таърихи таваллуд 1115(1115)
Зодгоҳ Хуросон
Таърихи даргузашт 1178(1178)
Пеша(ҳо) навозанда, шоир

Камолуззамони Удӣ (форсӣ: کمال‌الزمان عودی‎; тахм. 1115, Хуросон — 1178, Марв) — шоир, мусиқидон, оҳангсоз, навозанда ва хонандаи форс-тоҷик дар даврони Салҷуқиён.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Камолулзамон дар замони Салҷуқиён (1038—1300) ҷараён гирифта, дар мусиқии илмӣ ва амалӣ, риёзиёт, фалсафа ва шеър дониши баланд дошт. Созҳои мусиқӣ, удро дар камоли устодӣ навохта, дар ин соз ихтирооти зиёд намуда, барои Султон Санҷар (1118—1147) таснифоти зиёди мусиқӣ сохта, мартабаи ӯ дар боргоҳи Салҷуқиён мисли Рӯдакӣ, ки дар амирони Сомонӣ буд, эътибори баланд дошт. Камолулзамони Удӣ сарварии ромишгарони дарбори Салҷуқиёнро муддати тӯлонӣ ба уҳда дошт, барои нақорачиён таснифоти зиёд сохта, дар шеър ҳам ашъори рангин гуфтааст[1].

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 94 ISBN 978-99947-49-13-3
  • Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ.1, Теҳрон, 1373; Вожаномаи мусиқии Эронзамин, Теҳрон, 1375;
  • Фарҳанги Деҳхудо, Теҳрон, 1377.