Камолулзамони Удӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Камолулзамони Удӣ
Камолулзамони Удӣ
Таърихи таваллуд 1115
Зодгоҳ ш. Хуросон
Таърихи даргузашт 1178
Пеша(ҳо) навозанда,шоир

Камолулзамони Удӣ (с.тав.тахм. 1115, Хуросон, с.ваф. 1178 Марв), мусиқидон, шоир, навозанда, оҳангсоз. Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Камолулзамон дар замони Салҷуқиён (1038-1300) ҷараён гирифта, дар мусиқии илмӣ ва амалӣ, риёзиёт, фалсафа ва шеър дониши баланд дошт. Созҳои мусиқӣ, удро дар камоли устодӣ навохта, дар ин соз ихтирооти зиёд намуда, барои Султон Санҷ-ар (1118-1147) таснифоти зиёди мусиқӣ сохта, мартабаи ӯ дар боргоҳи Салҷуқиён мисли Рӯдакӣ, ки дар амирони Сомонӣ буд, эътибори баланд дошт. Камолулзамони Удӣ сарварии ромишгарони дарбори Салҷуқиёнро муддати тӯлонӣ ба уҳда дошт, барои нақорачиён таснифоти зиёд сохта, дар шеър ҳам ашъори рангин гуфтааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ.1, Теҳрон, 1373; Вожаномаи мусиқии Эронзамин, Теҳрон, 1375; Фарҳанги Деҳхудо, Теҳрон, 1377.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 94 ISBN 978-99947-49-13-3