Jump to content

Камол Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Камол Раҳимович Раҳимов (19.07.1933, деҳаи Латабанди ноҳияи Ҳисор - 06.10.2001, д.Муъминобод, ноҳияи Ҳисор), баъд аз хатми ДДОТ соли 1956 фаъолияти омӯзгориро дар мактаби ба номи Ломоносови ноҳияи Қӯрғонтеппа оғоз намудааст. С. 1957-1963 директори мактаби ба номи Свердлови ноҳияи Ҳисор ва соли 1963-1970 директори мактаби нобиноёни ҳамин ноҳия буд. С. 1970-1982 дар шуъбаи маорифи ноҳия ба ҳайси нозири шуъба, мудири кабинети методӣ ва мушовир ифои вазифа намудааст. С. 1982-1989 директори мактаби миёнаи № 70, муаллими фанни таърих ва давлату ҳуқуқи ҳамин мактаб буд. Р. барои хидмати шоистааш сазовори ордену медалҳо, нишонҳои «Аълочии маорифи СССР», «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои зиёд гардидааст.[1]

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 463