Канали Магистралии Ёвону Обикиик
Зоҳир
Канали Магистралии Ёвону Обикиик, системаи обёриест дар водиҳои Ёвон ва Обикиики Тоҷикистон. Дарғоте, ки дар дарёи Вахш бо усули таркиши самтӣ сохта шудааст, оби дарёро 55 м баланд бардошта, онро ба сӯи туннели ирригационии Вахшу Ёвон равон мекунад. Туннел аз таги қаторкӯҳи Қаротоғ мегузарад; дарозиаш 7,4 км, диаметри он 5,4 м, иқтидори обгузарониаш 70 м³/сон. Об аз туннел баромада, ба воситан канали бетонии 650-метра ба обтақсимкунак меравад ва дар он ҷо ба ду канали магистралӣ — щохаи рост ва чап тақсим мешавад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.